Аз Фаластин то Афғонистону тиҷорат: Раҳмон бо вазири турк аз чӣ гуфт?

Раисҷумҳури Тоҷикистон бо вазири корҳои хориҷии Туркия, ки бо сафари расмӣ дар Душанбе қарор дорад, дар вазъият дар минтақа ва ҷаҳонро баррасӣ намуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат вазири корҳои хориҷии Туркия Ҳақан Фиданро ба ҳузур пазируфт.
Ба иттилои дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар оғози мулоқот аз раванди кунунии рушди робитаҳо изҳори қаноатмандӣ карда, тавсеаи минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанба ва дарозмуддати дуҷонибаро ҷавобгӯи манфиатҳои кишварҳо арзёбӣ намуд.
"Ҷонибҳо зимни вохӯрӣ таҳкими бештари ҳамкориҳоро дар ҳама арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, махсусан, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ зарур шуморида, ҷонибдории худро ҷиҳати фаъолтар кардани ин раванд иброз доштанд", - омадааст дар иттилоия.
Тоҷикистон ва Туркия дар бораи ҳамкории иқтисодӣ ва молиявӣ созишнома ба имзо расонданд
Таъкид шудааст, ки фаъолияти муназзами Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ ва баргузории форумҳои соҳибкорон ва намоишгоҳҳои молҳои истеҳсолии ду кишвар метавонад василаи барчастаи пешбурди ҳамкориҳои дуҷониба бошад.
Баргузории рӯзҳои фарҳангӣ дар қаламрави ҳамдигар, аз ҷумлаи тадбирҳое номида шуд, ки ба таҳкими робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ мусоидати ҷиддӣ менамоянд, омадааст дар иттилоия.
Дар баробари муносиботи дуҷониба, Раҳмон бо вазири Туркия ҳамчунин атрофи масъалаҳои мубрами минтақавию ҷаҳонӣ, аз ҷумла вазъи сиёсӣ дар Афғонистон ва Фаластин табодули назар кардаст.
Дар мавриди ин ду масъула, Душанбеи расмӣ қаблан ҷонибдорияш аз ташкили давлати мустақили Фаластин ва ҳамчунин ташкили ҳукумати ҳамашумул дар Афғонистонро баён дошта буд.