ДУШАНБЕ, 8 янв — Sputnik. Нархи мусофирбарҳо тайи ду рӯзи охир якбора 40 – 50 % баланд шудааст, мегӯянд мусофирони самти Душанбе дар автовокзали Хуҷанд.
Масъуд Ҷумъаев, яке аз мусофирони Душанбе дар суҳбат ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон изҳор намуд, ки нархи роҳкиро ба 225 - 300 сомонӣ дакка задааст.
"Ин субҳ ба автовокзали Хуҷанд омадем, дар таваққуфгоҳ шумори мусофирбарҳо кам аст ва нархи роҳкиро аз 200 сомонӣ баланд шудааст”, – изҳор намуд мусофир.
Тавре мушоҳида мешавад, дар автовокзали Хуҷанд умдатан мусофирбарҳои навъи ҷип барои хизматрасонӣ ба кор баромадаанд. Ба мисоли рӯзҳои қаблӣ мусофирбарҳои сабукрави тамғаи опел ва мерседес камтар мушоҳида мешаванд.
Шоҳрӯз Каримов яке аз ронандаҳои мусофирбар сабаби гарон шудани қиммати роҳкироро шарҳ дод.
Ин ронанда гуфт, ки рӯзҳои охир бо сабаби боридани барф ва фаромадани тарма ҳаракат дар роҳи Хуҷанд – Душанбе душвор шуда ва чунин ҳолат кори онҳоро мушкил намудааст.
“Агар пештар то 4 – 5 соат ҳаракат кунӣ ҳоло 6 – 7 соат лозим меояд, ки роҳро аз миёни барфу тармаҳо убур кунӣ. Барои ин ҳама вақт харҷи сӯзишвории мошин ҳам дучанд мешавад” – изҳор намуд, ронанда.
Субҳи рӯзи 8 январ ширкати IRS – масъули нигоҳдории роҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ бо нашри хабари расмӣ аз фаромадани тарма ва масдуд шудани роҳ иттилоъ дод.
Ба иттилои дафтари матбуоти ин ширкат зимнан роҳ барои мошинҳои боркаш ва фура масдуд аст.
"Дар ин роҳ чор тарма фаромад ва роҳро то як муддат пурра баст, вале бо тоза кардани барфу тарма роҳ барои мошинҳои сабукрав боз шуд, вале фура ва мошинҳои боркаш ҳамоно имкони ҳаракат пайдо накардааанд” – омадааст дар иттилоияи IRS.
Ба ғайр аз роҳи заминӣ барои равуо аз Хуҷанд ба Душанбе хатсайрҳои ҳавопаймоӣ амал мекунад, аммо ҳамасола дар фасли сармо қиммати нархи ҳавопаймо ҳам меафзояд.
Бино ба маълумоти дарёфтӣ ҳоло билети ҳавопаймои хатсайри Хуҷанд – Душанбе ба 400 – 600 сомонӣ дакка задааст.