Мақомот ба ғизои солим дар мактабҳо таваҷҷуҳ кард

Мақомоти Тоҷикистон бар он аст, ки рушди системаи ғизои мактабӣ метавонад сифати таълим ва хониши хуби мактаббачаҳоро таъмин намояд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 янв — Sputnik. Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ҷаласаи нахустини Шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ дар бораи ғизои мактабӣ дар соли 2024 доир гардид.
дар ин ҷаласа Зулфия Абдусамадзода, муовини вазири тандурустӣ иброз доштааст, ки ғизои солим талаботи зарурӣ барои рушди миллӣ ва беҳбудии аҳолӣ буда, ба солимии кӯдакону наврасон равона карда шудааст.
Инчунин, дар ин ҷаласа вай таъкид кардааст, ки Барнома ғизои солим дар мактабҳо аз таҷдиди ҳамаҷонибаи низоми ғизои мактабӣ ва инкишофи он бо самтгирӣ ба устуворгардонии саломатии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба воситаи таъмини дастрасӣ, сифат ва бехатарии хӯрок бо таваҷҷуҳ ба ҷанбаҳои калидии ташкили ғизои босифат ва мутавозин, аз ҷумла ҷанбаҳои технологӣ, ташкилӣ, идоракунӣ, кадрӣ, молиявӣ ва иқтисодӣ иборат мебошад.
Вазорати тандурустӣ: Дар Тоҷикистон бемории сурхча нест
Қайд карда шудааст, ки маблағгузории Барнома бо маблағҳои дар буҷети давлатӣ пешбинигардида ва ҷалби кӯмаки молиявӣ ва машваратию техникии ташкилотҳои мададрасон амалӣ карда мешавад.
Ёдрас мешавем, дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ 992 630 нафар хонандагони синфҳои 1-4 таҳсил мекунанд, ки рушди системаи ғизои мактабӣ метавонад сифати таълим ва хониши хуби онҳоро таъмин намояд.