ДУШАНБЕ, 6 янв — Sputnik. Тибқи омор дар қаламрави кишварҳои Иттиҳодияи иқтисожии АвруОсиё, ҳаҷми боркашонӣ ва мусофиркашонӣ тамоюли рушд нишон додааст.
Аз моҳи январ то октябри соли 2023 (нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта) ҳам гардиши умумии мусофирон дар ИИАО (12,9 фоиз) ва ҳам нишондиҳандаҳои миллӣ: дар Арманистон (1,8 маротиба), Русия (12,9%), Казокистон (11,5%), Белоруссия (9,1%) ва Киргизистон,9 (7,7%) афзоиш ёфтааст.
Дар ҳамин ҳол, дар давраи ҳисоботӣ гардиши бор дар Қирғизистон (8%) ва Қазоқистон (3,1%) низ афзоиш ёфтааст.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) дар ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии АвруОсиё рӯзи 22 декабр эъломияро дар бораи рушди минбаъдаи равандҳои иқтисодӣ дар доираи АвруОсиё то соли 2030 ва барои давраи то соли 2045 ба имзо расониданд.
Ёдовар мешавем, ки ИИАО як иттиҳодияи иқтисодии байналмилалии ҳамгироӣ мебошад, ки дар заминаи Иттиҳоди гумрукӣ ва Фазои ягонаи иқтисодӣ таъсис ёфта, аз 1 январи соли 2015 фаъолият мекунад.
Дар ҳоли ҳозир Русия, Арманистон, Беларус, Қозоқистон ва Қирғизистон аъзои он ҳастанд.