ДУШАНБЕ, 4 янв — Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтои эронии худ Сайид Иброҳим Раисӣ ҳамдардӣ намудааст.
Ба гузориши дафтари матбуоти президент номаи таслият дар иртибот ба оқибатҳои фоҷеабори ҳамлаи террористӣ дар Кирмон, ки боиси ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани шумораи зиёди одамон гардид, ирсол шуд.
Раисҷумҳур ба мардуми дӯсту бародари Эрон, пайвандону наздикони ҷонбохтагон ибрози ҳамдардӣ намудааст.
"Аз худованди мутаол барои фавтидагон раҳмату мағфират ва барои ҳамаи осебдидагон шифои оҷилу комил мехоҳам",- афзудааст сарвари давлат.
Ӯ таъкид кардааст, ки Тоҷикистон чун ҳамеша терроризмро дар ҳама гуна зуҳуроташ шадидан маҳкум намуда, зарурати муборизаи беамонро алайҳи он мудом таъкид мекунад.
Ҳамзамон дар робита ба ин ҳодиса раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба раиси Маҷлиси Шурои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадбоқир Қолибоф нома ирсол кардааст.
"Ба Шумо ва кулли мардуми Эрон ҳамдардии амиқи худро баён менамоям. Ба наздикону пайвандони ҳалокшудагон сабри ҷамил ва ба осебдидагон шифои оҷил хоҳонам",- афзудааст ӯ.
Ёдовар мешавем, ки дар чаҳорумин солгарди шаҳодати сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи пешини неруи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоб исломии Эрон шоми 3 январ дар Кирмон ду ҳамлаи террористӣ рух дод.
Ба гузориши вазорати тандурустии кишвар, исми 95 вафтида дақиқ шуда беш аз 200 тани дигар захмӣ шудаанд.
То кунун ягон гуруҳ ва ё созмоне масъулияти ин ҳамларо бар дӯш нагирифтааст.
Давлати Эрон рӯзи панҷшанбеи 4 январро рӯзи мотами миллӣ эълон кард ва Иброҳим Раисӣ, раисиҷумҳури ин кишвар, сафараш ба Туркияро, ки барои имрӯз пешбинӣ шудааст, ба таъхир андохт ва гуфт, созмондиҳандагон ва омилони ҳамлаи террористӣ пайдо ва муҷозот хоҳанд шуд.
Раҳбари олии Ҷумҳурии Исломӣ Алии Хоманаӣ қайд кард, ки омилону созмондиҳандагони ин ҷиноят ҷазои одилона хоҳанд гирифт.