Мунтахаби Тоҷикистон дар бозии санҷишӣ Ҳонконгро шикаст дод

Ҳоло сармураббии яккачини ҷумҳурӣ ҳайати мунтахабро, ки иборат аз 27 бозигар аст, барои рақобатҳо дар Ҷоми Осиё-2023 дақиқ кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 янв — Sputnik. Тими мунтахаби Тоҷикистон дар бозии санҷишияш яккачини Ҳонконгро шикаст дод.
Ин дидор бо ҳисоби 2:1 анҷом ёфта, голҳои ҷониби Тоҷикистонро Рустам Соиров дар дақиқаи 25 ва Шаҳром Самиев дар 51-ум дақиқа ба ҳадаф расониданд.
Вохӯрии дастаҳои дар варзишгоҳи ба номи Шах Зайид дар Абу-Заби баргузор шуда, ки яккачини Тоҷикистон таҷи чанд муддат дар ин ҷой тамрин мекард.
Ин бозӣ дар доираи дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринии Абу-Даби як бозии санҷишӣ анҷом шуд.
Бозӣ пушти дарҳои баста сурат гирифта, ба эфир дода нашуд.
Эълони беҳтарин бозигар, довар ва мураббии сол дар Тоҷикистон
Ёдовар мешавем, ки мунтахаби Ҳонгконг чанде пеш бар тими миллии Чин (2:1) ғалаба карда буд, ки яке аз ҳарифони Тоҷикистон аст.
Ҷоми Осиё-2023 аз 12 январ то 10 феврал дар Қатар баргузор мешавад.
Тоҷикистон дар ин мусобиқа дар гурӯҳи "А" бо дастаҳои Чин (13 январ), Қатар (17 январ) ва Лубнон (22 январ) рақобат менамояд.
Ҳоло сармураббии даста ҳайати мунтахабро, ки иборат аз 27 бозигар аст, барои рақобатҳо дар Ҷоми Осиё-2023