Таиланд омода аст, музокиротро дар бораи тиҷорати озод бо ИИАО оғоз намояд

Сафири Таиланд дар Русия ахиран эълон кардааст, ки кишвараш омода аст, ки бо Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё дар бораи созишномаи тиҷорати озод музокирот кунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 янв — Sputnik. Сафир Таиланд дар Маскав Сасиват Вонгсинсават дар мусоҳиба бо РИА “Новости” гуфт, кишвараш омода аст дар бораи минтақаи озоди тиҷорат бо ИИАО гуфтушунид кунад, чун ин ба рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ бо Русия мусоидат хоҳад кард.
Ба гуфтаи дипломат, ҳаҷми муомилот бо Русия дар 9 моҳи соли 2023 назаррас набуд – ҳамагӣ 1,1 млрд долларро ташкил дод.
Вай қайд кард, ки ин маъно надорад, ки барои рушд додани равобити иктисодӣ имконият мавчуд нест — дар ин ҷо роҳҳои ҳалли масъаларо ҷустуҷӯ кардан лозим аст.
"Як роҳе, ки ба пешбурди тиҷорат мусоидат мекунад, ин созишномаи тиҷорати озод бо ИИАО мебошад. Мо чанд сол боз бо Комиссияи иқтисодии АвруОсиё имкони оғози музокирот баррасӣ мекунем. Ман танҳо тасдиқ карда метавонам, ки Таиланд омодаи оғози музокирот аст. Музокирот бо ИИАО ҳамон замоне оғоз мешавад, ки иттиҳод ба ин омода шавад”, - гуфт Вонгсинсават.
Содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз кишварҳои ИИАО ба Эрон дар панҷ сол панҷ баробар афзудааст
Вай афзуд, то ҳол санаи оғози музокирот маълум нест.
“Барои рақси танго ду нафар лозим аст - ҳамааш аз Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё вобаста аст", - гуфт сафир.
Ба гуфтаи Вонгсинсават, созишномаи тиҷорати озод ба шаҳрвандони Таиланд имкон медиҳад, ки маҳсулотро бо арзиши пастар харидорӣ намояд.
"Ғайр аз ин, онҳо интихоби бештар хоҳанд дошт. Муҳимтар аз ҳама он аст, ки ин на танҳо содирот аз Таиланд ба кишварҳои ИИАО, балки воридот ба Таиландро низ дар назар дорад", - қайд кард сафири Тайланд
Ба эътиқоди вай, самтҳои зиёде вуҷуд доранд, ки Маскав ва Бангкок метавонанд бо ҳам ҳамкорӣ кунанд. Аз ҷумла, ин энергетика аст: Таиланд ба гази моеъ ва ангишти Русия таваҷҷӯҳ дорад.