Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Путин: Украина бо ҳамлаҳои мушакиаш ба шаҳри Белгород мехоҳад Русияро тарсонад

Раисҷумҳури Русия ахиран дар дидор бо низомиён қайд кардааст, ки Киев мехоҳад моро тарсонад, аммо зарбаҳои мо вусъати бештар хоҳад дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 янв — Sputnik. Киев мехоҳад мардумро тарсонад ва дар дохили кишвари нооромиҳо эҷод кунад, аммо Русия ҳамлаҳоро ба ҳадафҳои низомии Киев афзоиш медиҳад, гуфт президенти Русия Владимир Путин.
"Онҳо мехоҳанд: а) моро тарсонанд ва б) дар кишвари мо як навъ нооромӣ эҷод кунанд. Мо, аз ҷониби худ, зарбаҳоеро, ки ман дар бораи он гуфта будам, афзоиш медиҳем. Зарбаҳо ба Белгород албатта ҷиноят алайҳи аҳолии осоишта аст – ин кор беҷазо нахоҳад монд, саддарсад дар ин бора ҳеҷ шакке нест ", - гуфт Путин дар мулоқот бо иштирокчиёни амалиёти вижа.
Раҳбари Русия қайд кард, ки артиш ба макони қабули тасмим, ҷойҳое, ки низомиён, зархаридон ҷамъ меоянд ва дар дигар маконҳои низомӣ тавассути силоҳҳои дақиқ зарба мезанад.
Паёми солинавии Путин: Русия ҳеч гоҳ ақибнишинӣ намекунад
"Ин зарбаҳо барои артиши Украина хеле ҳассосанд”, - илова кард президент.
Ҳамчунин, Владимир Путин гуфт, ки Русия метавонад ба Украина вобаста ба мушакборони Белгород посух диҳад, аммо Русия танҳо ба ҳадафҳои низомӣ зарба мезанад.
"Оё мо метавонем мисли онҳо рафтор кунем? Албатта, мо метавонем, мо метавонем дар Киев ё ягон шаҳри дигар ба майдонҳо зарба занем. Он ҷо кӯдакон қадам мезананд, модарон бо аробачаҳо. Мефаҳмам, ғазаби ман ҳам зиёд аст. Ман мехоҳам, аз Шумо суол кунам, мо бояд ба майдонҳо зарба занем", - гуфт Путин дар мулоқот бо иштирокчиёниамалиёти вижа.
Дар ин дидор қайд карда шуд, ки Русия ба минтақаҳои аҳолии осоишта не, балки ба иншоотҳои низомӣ зарба хоҳад зад.