ДУШАНБЕ, 1 янв — Sputnik. Дар рӯзи аввали Соли нави 2024 раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон якбора се амр дар бораи баргузор намудани се озмуни ҷумҳуриявӣ ба имзо расонд.
Раисҷумҳур дар бораи баргузор намудани озмунҳои ҷумҳуриявии "Тоҷикистон – Ватани азизи ман", Илм – фурӯғи маърифат" ва "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" ба имзо расонд.
Тибқи қарори раисҷумҳур вазорати молияи Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии президенти Тоҷикистон, ки барои соли 2024 пешбинӣ гардидаанд, ба Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон барои баргузории Озмуни мазкур 3,7 млн сомонӣ ба таври нақд ҷудо хоҳад.
Ҳукумат барои баргузории "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" 4,5 млн сомонӣ ва барои "Илм – фурӯғи маърифат" беш 4 млн. сомонӣ ҷудо хоҳад кард.
Раисҷумҳур барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани ин озмунҳо вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илми Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳоро вазифадор кардааст.
Эмомалӣ Раҳмон аз мақомоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо барои баргузор намудани таваҷҷуҳи зоҳир намуданд.
Назорати иҷрои амрҳои мазкур ба зиммаи муовини сарвазири Тоҷикистон (сарпарасти соҳа) вогузор шудааст.