Раҳмон тоҷикистониёнро бо Соли нав шодбош гуфт - видео

Cокинони Тоҷикистон ба фардои боз ҳам ободу осуда дилпурона назар мекунанд, изҳор дошт раисҷумҳур дар паёми солинавияш ба мардум
Sputnik
Соли 2023, бо вуҷуди вазъи бисёр печидаву ноороми ҷаҳони муосир, барои Тоҷикистон боз як соли бобарору хотирмон гардид.
Ин нуктаро раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошияш ба муносибати Соли нав баён дошт.
Ба гуфтаи ӯ, шароити зиндагии мардуми кишвар нисбат ба солҳои гузашта хеле беҳтар гардидааст.
Мардуми Тоҷикистон ба хотири пешрафти минбаъдаи давлати соҳибистиқлоли худ софдилона заҳмат мекашанд, илова намуд президент.
Тоҷикистониён соли 2024 чӣ қадар истироҳат хоҳанд кард?
“Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар доираи нақшаи корҳои ободониву созандагӣ барои таҷлили сазовори 35-солагии истиқлоли давлатӣ аз ҷониби ташкилоту корхонаҳои давлатӣ, бахши хусусӣ, соҳибкорони ватандӯст, шахсони саховатпеша ва аҳолӣ иқдому ташаббусҳои нек вусъати тоза пайдо карданд”,- гуфт ӯ.
Вай таъкид кард, ки тоҷикистониён бояд дар Соли нави мелодӣ ва солҳои дигар ба хотири таҳкими истиқлоли давлатӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва густариши худшиносиву худогоҳӣ, боз ҳам баланд бардоштани мақоми байналмилалии кишвар сарҷамъу муттаҳид бошанд.