ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Русия соли 2023 аз манфиатҳои миллӣ, озодӣ, амният ва арзишҳои худ ҳимоят кард, ки такягоҳи устувори он буданд ва боқӣ мемонанд.
Ин нуктаро президенти Русия Владимир Путин дар паёми солинавияш ба шаҳрвандон баён дошт, ки камтар аз чор дақиқа давом кард.
Он дар пасманзари Кремл сабт шудааст, на чун соли гузашта, ки дар пушти сарвари давлат низомиён буданд.
Путин гуфт, соли 2023 як ҷузъи таърих шудааст ва Русия бояд пеш равад ва ояндаро эҷод кунад.
Дар соли сипаришуда мо заҳмат кашида, корҳои зиёдеро ба анҷом расонидем, аз дастовардҳои муштараки худ ифтихор мекардем, аз комёбиҳо шодӣ мекардем ва устуворона манофею арзишҳои миллиро ҳимоят кардем, қайд кард ӯ.
Сарвари давлат ҳамчунин ба иштирокдорони амалиёти вижаи низомӣ муроҷиат карда, онҳоро қаҳрамон номид. Ба гуфтаи ӯ, Русия собит кардааст, ки метавонад мушкилтарин мушкилотро ҳал кунад ва ҳеҷ гоҳ аз роҳи худ даст нахоҳад кашид.
"Шумо каҳрамонони мо ҳастед, мо бо шумо фахр мекунем", - гуфт президент дар хитоб ба иштирокдорони амалиёт ва илова намуд, ки ҳоло низомиён пуштибонии миллионҳо русҳоро эҳсос мекунанд.
"Ҳеҷ қуввае нест, ки моро аз ҳам ҷудо кунад, водор ба фаромӯш кардани хотира ва бовари падаронамон кунад", - гуфт президент.
Илова бар ин, Путин ба оилаҳои русиягӣ дар соли 2024 тамоми хушиҳоро орзу намуд. Вай таъкид кард, ки соли оянда соли оила эълон шудааст.
"Русия як кишвар, як оилаи бузург аст, он боз ҳам қавитар хоҳад шуд", - хулоса кард раҳбари кишвар.