Беш аз 1 ҳазор км роҳҳои нав: Вазир дастовардҳои соли бахши нақлиётро гуфт

Тавасссути ҳамаи намуди нақлиёт давоми 11 моҳи аввали соли равон дар Тоҷикистон беш аз 108 млн тон бор ва зиёда аз 821 млн мусофир ҳамлу нақл ёфтаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Саҳми соҳаи нақлиёт дар сохтори маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон афзоиш ёфта, ба 8,3% баробар шудааст.
Ин нуктаро вазири нақлиёти Тоҷикистон, Азим Иброҳим зимни паёми солинавияш баён дошта, ҳиссаи нақлиётро ҳудуди 9,9 млрд сомонӣ арзёбӣ намудаст.
Тавассути ҳамаи намуди нақлиёт давоми 11 моҳи аввали соли равон дар Тоҷикистон беш аз 108 млн тон бор ва зиёда аз 821 млн мусофир ҳамлу нақл ёфтаанд
Мақомоти Хатлон гуфт дар 6 моҳ барои таъмири роҳҳо чӣ қадар пул масраф кардааст
Ба гуфтаи Азим Иброҳим дар 11 моҳи соли 2023 боркашонӣ тавассути ҳамаи намудҳои нақлиёт 15% ва мусофирбарӣ 10% зиёд шудаст.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон иттилоъ додаст, ки дар соли 2023 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ зиёда аз як ҳазор километр роҳҳо бунёд ва азнавсозӣ гардиданд.
Танҳо дар пойтахти кишвар 16 км роҳҳои автомобилгард сохта, ба истифода дода шуданд, афзуд ӯ.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон ба роҳсозӣ афзалият дода, ба ин бахш сармояи хориҷӣ ва қарзҳо ҷалб карда мешаванд. Инчунин маблағи соҳибкорон ва сокинони маҳаллаҳо низ ба роҳсозӣ равона мешавад.