Қоҷоқи асъор ба Русия аз дигар кишварҳои ИИАО коҳиш ёфтааст

Ҳангоми убур аз сарҳадҳои гумрукии ИИАО, агар маблағи интиқолӣ аз муодили 10 ҳазор доллар зиёд бошад, декларатсия кардан лозим меояд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Дар Русия коҳиши кӯшиши интиқоли ғайриқонунии пули нақд аз ҷониби шахсони алоҳида аз сарҳад ба қайд гирифта шудааст.
Дар ин бора Хадамоти федеролии гумруки кишвар хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки дар маҷмӯъ шаҳрвандон кӯшиш кардаанд, ки маблағи муодили 1,88 миллиард рублро аз кормандони гумрук барои интиқол пинҳон кунанд
Ин нишондод нисбат ба соли гузашта 10,5% камтар аст.
"Дар маҷмӯъ беш аз 11,3 ҳазор кӯшиши ҳаракати ғайриқонунӣ ба қайд гирифта шудааст", - гуфтанд дар ин ниҳод.
Тибқи иттилои мақомоти гумрук, кӯшиши қочоқи доллар ва евро барои содирот бештар ба Туркия, АМА, Озарбойҷон, Чин, Узбекистон, Сербистон ва Исроил мешуд. Самтҳои асосии талоши воридоти асъори қочоқӣ бошад, аз Туркия, АМА ва Озарбойҷон сурат гирифтааст.
Путин: Ҳаҷми тиҷорати мутақобила миёни кишварҳои ИИАО дар 10 сол ду баробар афзуд
Хадамоти федеролии гумруки Федератсияи Русия хотиррасон кард, ки ҳангоми убур аз сарҳади гумрукии ИИАО, агар маблағи он аз муодили 10 ҳазор доллар зиёд бошад, бояд декларатсия карда шавад.
Агар маблағи зиёда аз 100 ҳазор доллар бошад, ба декларатсияи гумрукии мусофирон ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи манбаи маблағ замима карда мешаванд.
Чунин қоидаҳо ҳам ба воридот ва ҳам содироти пули нақд татбиқ мешаванд.