ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо Соли нави мелодӣ шодбош гуфт.
Дар ин бора дафтари матбуоти президенти Русия хабар медиҳад.
Дар номаи шодбошии президенти Русия аз равобити Русияву Тоҷикистон гуфта мешавад ва таъкид шудааст, ки он дар сатҳи баланд қарор дорад.
Таъкид шудааст, ки музокироти ахири дуҷониба барои таҳкими минбаъдаи шарикӣ ва иттифоқи стратегии Русия ва Тоҷикистон, ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, гуманитарӣ ва ғайра шароит фароҳам меорад.
Дар номаи табрикотӣ омодагӣ ба афзоиши ҳамоҳангсозии талошҳо дар ИДМ, СПАД, СҲШ ва дигар шаклҳои бисёрҷониба тасдиқ карда шудааст.
Ҳамчунин президенти Русия дигар роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказиро бо Соли нави мелодӣ муборакбод гуфт.
Қаблан президентҳои Русия ва Тоҷикистон Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон шахсан мулоқот карда буданд - дар Санкт-Петербург нишасти ғайрирасмии раҳбарони кишварҳои узви ИДМ баргузор шуд.
Тибқи анъана, Путин ҳамтоёни худро даъват кард, ки дар арафаи Соли нав аз пойтахти шимолӣ дидан кунанд. Роҳбарони ИДМ дар вазъияти ғайрирасмӣ натиҷаҳои солро ҷамъбаст карданд.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз соли 2014 то кунун ҳеҷ гоҳ формати музокирот бо Владимир Путинро дар моҳи декабр сарфи назар надодааст. Ба ин тартиб, Эмомалӣ Раҳмон то кунун 8 маротиба аз нишасти ғайрирасмии шаҳри Санкт-Петербург дидан кардааст.
Сарвари Русия чунин нишастҳоро ҳамчун гуфтугӯ "дар доираи дӯстона" тавсиф кард, ки дар он рӯзномаи тиҷорат: минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ мешавад.