Президент фармонро имзо кард: 2024 дар Тоҷикистон "Соли маърифати ҳуқуқӣ" эълон шуд

Пешниҳоди дахлдорро қаблан раисҷумҳур зимни ироаи паём ба парлумони кишвар аз натиҷагирии фаъолияти яксолааш баён дошта буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Дар Тоҷикистон соли 2024 "Соли маърифати ҳуқуқӣ" эълон карда шуд.
Дар ин бора фармони дахлдорро раисҷумҳури кишвар имзо кард, хабар медиҳад, дафтари матбуоти президент.
Ҳукумати Тоҷикистон вазифадор шудааст, ки ҷиҳати иҷрои фармони мазкур дар муҳлати як моҳ нақшаи чорабиниҳоро таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод намояд.
Ба иттилои манбаъ, мақсад аз қабули фармони мазкур баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун ва ғайра мебошад.
Пешниҳоди дахлдорро қаблан раисҷумҳур зимни ироаи паёми солонааш ба парлумони кишвар ироа карда буд.
Созишномаи ҳуқуқи муаллифии ИДМ дар Тоҷикистон эътибор пайдо кард
Президент ба тамоми сохтору мақомоти давлатӣ дастур дода буд, ки бояд ҳамаи захираву имкониятҳоро ҷиҳати иҷрои вазифаҳои зикршуда барои соли 2024, ки сиюмин солгарди қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил мегардад, сафарбар намоянд.
Раҳмон гуфт, ки амалӣ намудани меъёрҳои сарқонун ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу суботро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисоди кишварро таъмин ва барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда муҳайё созем.