Ифтитоҳи роҳи нави танобӣ: Оғози мавсими лижаронӣ дар Тоҷикистон - акс

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар маҷмааи лижаронию сайёҳии "Сафед-дара", марҳилаи дуюми роҳи танобиро мавриди истифода қарор дода, роҳи нави лижарониро кушод
Sputnik
1 / 10

Раҳмонро дар ин сафар бархе аз аъзои оилааш, аз ҷумла шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ҳамроҳӣ намуд.

2 / 10

Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо шароити қабули мизоҷон дар котеҷи чубини дуошёна шинос шуданд.

3 / 10

Барои президент лоиҳаи сохтмони котеҷҳои нав дар саҳни ҳавлии маҷмаа муаррифӣ карда шуд.

4 / 10

Ӯ бо пахши тугма ба фаъолияти хати дуюми роҳи танобӣ оғоз бахшид

5 / 10

Инчунин марҳилаи сеюми корҳои бунёдиву созандагӣ оғоз шудаанд.

6 / 10

Ҳамчунин тарабхона бо зиёда аз 100 ҷои нишаст дар маҷмаа ба фаъолият шуруъ кард.

7 / 10

Истгоҳи поёнии роҳи танобии дуюм дар баландии қариб 2,6 ҳазор метр аз сатҳи баҳр ва болоӣ дар баландии беш аз 3 ҳазор ҷойгир буда, бо дарозии 1,6 км аз 21 кабина иборат мебошад.

8 / 10

Дар умум роҳи лижаронӣ дар маҷмаа аз поён то ба боло 30 км-ро ташкил медиҳад.

9 / 10

Дар ҳудуди маҷмаа 10 адад котеҷҳои 1 ва 2-ошёнаи сохти замонавӣ мавҷуд аст, ҳисобот доданд ба президент.

10 / 10

Дастур дода шуд, ки барои ҷалби бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ тадбирандеширо таҳким бахшанд.