Кишоварзони Хатлон ба маблағи беш аз 32 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд

Раиси вилояти Хатлон зимни ҷамъбасти натиҷаҳои соли равон дар назди вакилони халқ аз саҳми кишоварзони минтақа дар рушди иқтисод тавсиф кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Дар 11 моҳи соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории Хатлон ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 32,3 млрд сомонӣ баробар гардид.
Дар ин бора нашрияи расмии "Хатлон" аз қавли раиси вилоят, Давлаталӣ Саид иттилоъ дод.
Манбаъ афзуд, ки соли равон дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ дар майдони беш аз 434 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шуд, дурнамои кишти ғалладонагиҳо 114%, полезӣ 111%, зироатҳои техникӣ, аз ҷумла пахта 100%, зироатҳои хӯроки чорво 156% ва сабзавот 103% таъмин гардид.
Дастури пайвастани илму истеҳсолот дар Тоҷикистон
Дар мавриди он, ки кишоварзони Хатлон ба ҳисоби вазн чиро ва чӣ қадар истеҳсол кардаанд, раиси вилоят зикр намуд, ки аз ҷумла беш аз 1 млн тонна ғалладонагиҳо, 288 ҳазор тонна пахта, 217 ҳазор тонна картошка, 1,7 млн тонна сабзавот, 720 ҳазор тонна полезиҳо истеҳсол кардаанд.
Боғдорони минтақа 267 ҳазор тона мевагиҳо, аз ҷумла беш аз 86 ҳазор тонна ангурро ҷамъоварӣ кардаанд.
Дар феҳрасти фаъолон, аз ҷумла пахтакорони шаҳри Левакант, Бохтар, ноҳияҳои Дӯстӣ, Ёвон, Хуросон ва Данғара номбар гардиданд, ки яке аз аввалинҳо шуда дурнамои истеҳсоли пахтаро таъмин намуданд.