Президент аз рушди иқтисод гуфту, соли 2023-ро барои Тоҷикистон бобарор хонд

Раисҷумҳур аз афзоши чашмгири иқтисоди кишвар дар 7 соли ахир гуфт, ки рушди он 7,5% афзуда, ҳаҷми ММД 1,5 баробар зиёд гардидааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 дек - Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон соли 2023-ро барои ҷумҳурӣ бобарор хонд.
Вай зимни ироаи паёми солона ба парлумон, ки дар "Кохи Сомон"-и Бӯстонсаройи Ҳукумати Тоҷикистон ҷараён дорад, гуфт, ки бо вуҷуди тағйиротҳои шадиди сиёсию иқлимӣ дар ҷаҳон кишвар ба ҳадафҳои гузоштааш барои ин давра расид.
Раҳмон зикр намуд, ки бо шарофати заҳмати аҳолӣ дар ҳама соҳаҳо пешравӣ ба даст омад.
Тибқи иттилои раисҷумҳури кишвар, дар ин муддат маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 8,3% афзуда ба 130 млрд сомонӣ расид.
Дар ҳамин ҳол ба гуфтаи вай, даромади буҷа 102, 5% таъмин гардид.
Ӯ афзуд, ки давлат дар ин муддат барои иҷрои уҳдадориҳояш 40 млрд сомонӣ равона кард, ки 5 млрд нисбат ба соли қаблӣ зиёд аст.
Касри буҷа дар Тоҷикистон чӣ гуна пӯшонида мешавад?
Эмомалӣ Раҳмон аз афзоши ҷашмгири иқтисоди кишвар дар 7 соли ахир гуфт, ки рушди он 7,5% афзуда, ҳаҷми ММД 1,5 баробар зиёд гардидааст.
"Сарфи назар аз омилҳои манфии солҳои ахир, аз ҷумла паҳншавии бемории коронавирус низоъҳои тиҷоратӣ, муноқишаҳои минтақавӣ, халалдор гардидани низоми муносиботи байналмилалии иқтисодию молиявӣ ва таъсири он таъсири он ба иқтисоди миллӣ ба мо муясар шулда, ки аз 37,2 млрд-и соли 2017 ба 112,7 млрд сомонӣ дар соли 2023 расид",- афзуд вай.