Раҳмон мавқеи Тоҷикистон дар бораи ҳаводиси Фаластинро равшан гуфт

Президент Тоҷикистон ҷиҳати таъмини пойдории низом ва суботи байналмилалӣ ба аҳамияти тақвияти нақши муҳиму ҳамоҳангсоз ва муттаҳидкунандаи СММ таъкид кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Тоҷикистон дар робита ба равандҳои ҷорӣ дар Афғонистон ва Ховари Миёна, бахусус, Фаластин хеле нигарон аст.
Дар ин бора раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон, зимни ироаи паёми солонааш ба парлумон изҳор дошт.
Ӯ гуфт, ки Тоҷикистон таъсиси давлати мустақили Фаластинро дар асоси қатъномаҳои қабулкардаи Созмони Милали Муттаҳид ва марзҳои соли 1967 ягона роҳи имконпазири таъмини сулҳу суботи пойдор дар ин минтақа медонад.
"Кишвари мо аз ҷомеаи ҷаҳонӣ боз ҳам даъват ба амал меоварад, ки ҳамаи низоъҳо танҳо бо роҳи музокирот ва муколама ҳал карда шаванд", - таъкид кард Раҳмон.
Ӯ гуфт, ки мо ҷиҳати таъмин намудани пойдории низом ва суботи байналмилалӣ аҳаммияти тақвияти нақши муҳимму ҳамоҳангсоз ва муттаҳидкунандаи Созмони Милали Муттаҳидро таъкид мекунем.
Кишвардори Тоҷикистон афзуд, ки мураккабшавии авзои сиёсии байналмилалӣ, шиддат гирифтани вазъи геосиёсиву низомӣ, таҳдидҳои амниятӣ, буҳронҳои молиявию иқтисодӣ ва дигар мушкилот зимни пешбурди сиёсати хориҷии Тоҷикистон моро ба андешидани тадбирҳои зарурӣ водор месозанд.
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар гузашта низ зимни Нишасти муштараки изтирории арабию исломӣ таъкид кард, ки вазъи буҳронӣ дар Ғаззаи Фаластин Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳониро сахт нигарон сохтааст.
Вазорати тандурустии Фаластин: Исроил мехоҳад системаи тандурустии Ғаззаро нест кунад
Вай гуфт, ки Тоҷикистон мавриди ҳамла қарор додани иншооти ғайринизомии минтақаи мазкурро, ки боиси кушта шудани ҳазорон нафар аҳолии осоишта ва дар ин миён занону кӯдакон, ҷароҳат бардоштани шумораи зиёди мардум ва хароб гардидани инфрасохтори ҳаётан муҳим дар он гардидааст, шадидан маҳкум мекунад.
“Ҳолати имрӯза бори дигар он ҳақиқатро собит месозад, ки қазияи Фаластин роҳи ҳалли низомӣ надорад”,- гуфт Раҳмон.
Кишвардори Тоҷикистон қайд кард, ки ҷумҳури ҳанӯз аз оғози даргириҳои охир аз ҷонибҳо даъват кард, ки ба амалҳои зӯроварӣ ва хушунатомез хотима дода, барои ба эътидол овардани вазъ сари мизи музокира нишинанд.