ДУШАНБЕ, 28 дек - Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш ба парлумон аз дастовардҳои кишвар, аз ҷумла коҳиши мизони камбизоатӣ гуфт.
Президент изҳор дошт, ки сатҳи камбизоатӣ аз 29,5 фоизи соли 2017 то 21,2 фоиз дар соли 2023 коҳиш дода шуд.
Дар ду даҳсолаи охир ба гуфтаи ӯ сатҳи зиндагии аҳолии кишвар тадриҷан беҳтар гардида, нишондиҳандаи сатҳи камбизоатӣ аз 83% дар соли 1999 то 62% дар соли 2023 поин рафт.
Ба гуфтаи раисҷумҳур музди миёнаи меҳнат дар ин давра ду баробар ва андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,9 баробар зиёд шуд.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки бо вуҷуди болоравии нархҳо дар бозори ҷаҳонӣ сатҳи таваррум дар кишвар солҳои ахир муътадил нигоҳ дошта шуда соли 2023 3,8%-ро ташкил кард, ки дар натиҷаи амалигардонии тадобири зикршуда сатҳи камбизоатӣ коҳиш дода шуд.
Барои идомаи ин раванд вай ба ҳукумати кишвар супориш дод, ки ҷиҳати дар 7 соли баъдӣ то ба 10% кам кардани мизони камбизоатӣ чораҳои мушаххас андешад
“Мо ин корро карда метавонем, дар сурате, ки бо масъулияти баланд кору фаъолият намоем”
Мавсуф таъкид кард, ки барои ин зарур аст, дар соли 2024 суръати рушди иқтисоди миллӣ дар сатҳи на кам аз 8% таъмин карда шавад.