Маҳдудиятҳо бардошта шуд: Роҳи Душанбе-Чаноқ боз шуд

Ҳаракат аз тариқи роҳи пулакии Душанбе - Чаноқ, ки роҳи пайвандгари шимоли Тоҷикистон бо маркази кишвар мебошад, пурра барцарор шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Ширкати "Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД", ки ба ҷамъоварии маблағу нигоҳдории ин ягона роҳи пулакии Тоҷикистон машғул аст, гуфт, баъд аз тоза кардани роҳ аз барф ва коркарди он бо маводи зиддилағзиш ҳаракати тамоми намуди нақлиёт тавассути роҳи Душанбе - Ҷаноқ иҷозат дода шуд.
"Аз ронандагон барои дарки моҳияти муваққатан маҳдуд намудани ҳаракат дар ин масир сипосгузорем”, - таъкид кардааст масъулини ин ширкат.
Ёдовар мешавем, ки субҳи 27 декабр Намояндагии ширкати IRS дар Тоҷикистон хабар дода буд, ки Бинобар бениҳоят пуршиддат будани бориши барф дар километри 62 - 73 ва фаромадани тармаҳои хурд дар километри 54 - 57- и роҳи Душанбе - Чаноқ ҳаракати тамоми намуди нақлиёт муваққатан маҳдуд карда шуд.
Тармаҳои хурд сабаби баста шудани роҳи Душанбе – Чаноқ шуд
Ба иттилои обуҳавошиносони тоҷик имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида дар баъзе ҳолатҳо борону барф ба амал меояд.
Дар ноҳияҳои алоҳида меғ мефарояд. Ҳарорат рӯзона то 16 дараҷа гармӣ мерасад.