ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Фаъолияти корхонаи истеҳсоли сементи Душанбе - Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷиксемент" комилан қатъ шуд.
Тасмими марбута ба ин корхона дар ҷаласаи васеи ҳукумати Тоҷикистон тобистони соли ҷорӣ гирифта шуда буд, ки бар асоси он сар 26 декабр корхонаи мазкур дигар фаъолият нахоҳад кард.
Зимнан зикр гардид, ки ин тадбирҳо ҷиҳати таъмини амнияти экологӣ ва ҳифзи муҳити зисти шаҳр амалӣ карда мешаванд.
"Корхонае, ки дар солҳои 40-уми асри гузашта сохта шудааст, имрӯз ба талаботи экологӣ ҷавобгӯ нест ва ба экологияи шаҳр ва сокинони он таъсири мустақим дорад", - гуфта шудааст дар ҷаласа.
Масъулини давлатӣ қайд карданд, ки солҳои охир мошину таҷҳизоти истеҳсолии корхона фарсуда шудаанд, аммо таъмири онҳо имконнопазир аст.
Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷиксемент" ягона корхонаи истеҳсоли семент дар Тоҷикистон бо тавоноии 1,1 миллион тонна дар сол буд. Он нахуст бо газ фаъолият дошт ва пас аз қатъ шудани он бо ангишт кор мекард.
Солҳои ахир бинобар сабаби фарсудашавӣ танҳо 20-30% аз иқтидори он кор мекард.
Ёдовар мешавем, ки моҳи ноябри соли ҷорӣ дуртар аз ин корхона раисҷумҳур Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Тоҷиксемент”-ро боз карданд.
Гуфта мешавад, ки иқтидори солонаи корхонаи нав 1,2 млн буда, маҳсулоти истеҳсолнамудаи он ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ буда, сементи маркаҳои сулфат, 500 ва 400 истеҳсол карда мешаванд.
Таъкид шудааст, ки корхона аз лиҳози экологӣ безарар буда, ба ҳавои атмосфера чанг ё дигар дуди ғализ хориҷ намекунад ва дорои зиёда аз 50 ҳавотозакунак ё худ филтр буда, онҳо чанги сементро нигоҳ медоранд, ки дар коркарди дубораи маҳсулот истифода карда мешавад.
Зимнан, дар солҳои истиқлолият дар Тоҷикистон чанд корхонаи бузурги тавлиди семент, аз қабили "Хуаксин Ғаюр Семент", "Моҳир Семент", "Хуаксин Ғаюр-Суғдсемент", "Тоҷ-Чина" ва ғайра сохта ва фаъолият доранд.
Ҳаҷми иқтидорҳои истеҳсолии ин корхонаҳо кофӣ буда, талаботи бозори дохилии кишварро бо сементи истеҳсоли худ пурра таъмин мекунанд. Инчунин корхонаҳо содироти маҳсулотро ба хориҷ низ роҳандозӣ кардаанд.