ДУШАНБЕ, 25 дек – Sputnik. Муштзан Муҳаммадхӯҷа Яқубов шаҳрванди ифтихории Исфара шуд.
Қарори додани ин унвон ба муштзани маърӯф зимни ҷаласае дар ҳукумати шаҳр қабул шудааст
Дар ин бора масъули матбуотии ҳукумати шаҳри Исфара Зубайдулло Шомадов ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод.
Бино ба гуфти манбаъ, ин унвон ба номбурда бо назардошти саҳми арзандааш дар рушди варзиш ва баланд бардоштани нуфузи кишвар дар сатҳи ҷаҳонӣ дода шудааст.
“Ин варзишгар нишондодҳои баланд мушарраф гардидааст. Барои чунин хизматҳои шоёнаш дар рушди варзиш ба Муҳаммадхӯҷа Яъқубов унвони “Шаҳрванди ифтихории шаҳри Исфара" дода шуд” – афзуд, Шомадов.
Муҳаммадхуча Яқубови 28 сола сокини ҷамоати Навгилеми шаҳри Исфа аст. Ӯ дар соли 2015 бори аввал дар риштаи муштзанӣ ба бокси ҳирфаӣ баромад ва то ин вақт пайваста ба пирӯзиҳо ноил гардидааст.
Аз ҷумла моҳи феврали соли 2017 ӯ дар мубориза бар зидди варзишгари Колумбия Йогли Ҳеррера бар натиҷаи 28-17 пирӯз гардида унвони қаҳрамонии худро ҳимоя кард. Моҳи майи соли 2017 муқобили муштзани ӯзбек Фирӯзбек Юлдошев (5-2) ғолиб омад ва ба унвони қаҳрамони ҷаҳон оид ба WBO дар вазни сабукро соҳиб шуд.
Моҳи июли ҳамон сол Яъқубов дар мубориза бо Даяки Ичикаваи ҷопонӣ бар натиҷаи 9-2 унвони қаҳрамониро ба номи худаш сабт кард.
Моҳи марти соли 2020 Яқубов барои бори сеюм унвони WBC International-ро ба номи худ сабт кард.
Ахиран 25 ноябри соли 2023 дар Лас Вегаси Амрико дар набард бо варзишгарон Дэвид Бенавидес, Деметриус Андраде довталаби WBC дар вазни дуюм (то 59 кг) ва бо Пабло Висенте ( 23-1, 17 КО ) вохӯрд.
Муштзани Тоҷикистонӣ дар ҳар се ин рақобатҳо бо ҳисоби 96 -94, 97-93 ва 98-92 пирӯз шуд.
Ба ин тартиб Муҳаммдхӯҷа Яъқуб то ин вақт 22 маротиба вориди ринги касбӣ шуда дар 21 рақобат дастболо шудааст.