КҲФ аз барфкӯчиҳо дар Тоҷикистон ҳушдор дод

Ба ҳамаи ронандагоне, ки сафарашонро ба таъхир андохта наметавонанд, тавсия карда мешавад, ки ҳангоми ба нақша гирифтани ҳаракат аз вазъияти роҳҳо огоҳ шаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Дар Тоҷикистон дар рӯзҳои наздик дар ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ фаромадани тарма пешбинӣ шудааст.
Дар ин бора КҲФ дар такя ба Агентии ҳавосанҷии кишвар хабар медиҳад
Дар рабита ба чунин вазъ, ин ниҳод аз шаҳрвандон хостааст, ки дар ин рӯзҳо ҳаракати худро дар роҳҳои кӯҳӣ маҳдуд карда, аз анҷоми корҳои кишоварзӣ, чаронидани чорво, ҷамъоварии ҳезум, шикор ва моҳидорӣ дар ин минтақаҳо худдорӣ кунанд.
Ҳамчунин тавсия мешавад, ки ҳангоми истифода бурдани гармкунакҳо ва бухориҳо қоидаҳои бехатарии сӯхтор қатъиян риоя шавад.
Бачахоро тахти назорати махсус гирифта, онхоро беназорат нагузоред.
Раҳбари КҲФ Тоҷикистон дар нишасти СПАД ширкат мекунад
КҲФ ба шаҳрвандоне, ки дар деҳот, доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ зиндагӣ мекунанд, тавсия медиҳад, ки ҳангоми гарм кардани манзили худ қоидаҳои бехатарии сӯхторро риоя намуда, миқдори зиёди асбобҳои барқии ҳад зиёд истифода набаранд.
Ба гуфтаи ин ниҳод, агар имконпазир бошад, тирезаҳои худро то ҳадди имкон барои нигоҳ доштани гармӣ маҳкам кунед.

"Ҳангоми бо ангишт истифода бурдани бухориҳо эхтиёткор шуда, бачаҳоро нагузоред, ки печҳои сӯзонро мустақилона нигоҳубин кунанд, дудбароҳоро бори дигар тафтиш кунед",- таъкид кардааст манбаъ.

Ба ҳамаи ронандагоне, ки сафарашонро ба таъхир андохта наметавонанд, тавсия карда мешавад, ки ҳангоми ба нақша гирифтани ҳаракат аз вазъияти роҳҳо огоҳ шаванд.
"Ҳангоми ҳаракат дар манотиқи кӯҳӣ ва ё қитъаҳои хатарноки роҳҳо бояд фосилаи муқарраршудаи ҳаракати байни мошинҳо риоя карда шавад. Дар роҳҳо эҳтиёткор бошед", - зикр кард КҲФ.озтар нигох доред, зеро масофан тормозкунй дар роххои лагжиш хеле зиёд мешавад;