Таъкиди Путин ба амнияти биологӣ дар ИДМ

Дар мулоқоти қарибулвуқӯи президентҳои кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Санкт-Петербург дар назар аст, амнияти биологӣ баррасӣ меавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Амнияти биологӣ ба ҳама, аз ҷумла ҳамсояҳо низ дахл дорад, изҳор дошт раисҷумҳури Русия, Владимир Путин.
Ӯ бо баргузории ҷаласаи Шӯрои амнияти Русия, амнияти дастаҷамъӣ дар қаламрави ИДМ, аз ҷумла амнияти биологиро аз масоили муҳим хонд.
Вай аз ҷумла мушкилотеро зикр намуд, ки дар замони авҷи коронавирус ба вуҷуд омада буданд ва илова намуд, ки феълан вазъ чунин нест, аммо бояд омода буд.
"Амнияти биологӣ ба ҳамаи мо дахл дорад, аз ҷумла ба ҳамсоя. Ин яке аз масоиле мебошад, ки мавриди таваҷҷуҳи ҳама қарор дорад", - гуфт Путин.
Раисҷумҳури Русия таъкид намуд, ки масоили мазкурро дар мулоқот бо ҳамтоёнаш аз кишварҳои ИДМ, ки 26 декабр дар Санкт-Петербург дар назар аст, баррасӣ мекунанд. Аъзои Шӯрои амният, аз ҷумла гузориши роҳбари "Роспотребназдор", Анна Поповаро дар ин бора шуниданд.
Қаблан Маскав ҳушдор дода буд, ки ИМА бо ташкили озмоишгоҳҳои биологӣ дар наздикиҳои Русия ва Чин хавфи биологӣ эҷод мекуанд.
Тағйироти кадрӣ дар КДАМ Тоҷикистон: Раҳмон аз хатарҳо ҳушдор дод
На анҳо Украина ба майдони озмоишии силоҳи биологии Амрико табдил ёфтааст, иинчунин Гурҷистон, Молдова ва як қатор кишварҳои минтақаро ҳадаф қарор додааст, гуфта буд қаблан дабири Шӯрои амнияти Русия, Николай Патрушев.
Ба гуфтаи дабири Шӯрои амнияти Русия, зарур аст, ки машваратҳои мунтазами коршиносон оид ба бехатарии биологӣ, аз ҷумла тавассути вазоратҳои хориҷа ташкил карда шаванд.
Инчунин дар доираи СААД размоишҳои муштарак, аз ҷумла мудофиа аз хатарҳои биологӣ мунтазам тамрин карда мешаванд.