Ифтитоҳи нахустин маркази зарфиятҳои "Россотрудничество" дар Тоҷикистон - видео

Нахустин Маркази захираҳо ё худ истеъдодҳои "Россотрудничество" дар шаҳри Турсунзуда ифтитоҳ ёфт, бо шароиту таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз мебошад
Sputnik
Кор маркази ҷадиди "Россотрудничество" бо дарси кушод дар бораи осори Александр Пушкин дар заминаи мактаби №75-и шаҳри Турсунзода шуруъ шуд.
Тоҷикистон пешсафи бебаҳс дар таваҷҷӯҳ ба омӯзиши забони русист, изҳор дошт кордори муваққати Русия дар ҷумҳурӣ, Вера Хуторская ба хабарнигорон.
"Мо мекӯшем, ки ба ин таваҷҷуҳ бо масъулияти баланд муносибат кунем. Дар ин мактаб муҳаббати самимиро нисбат ба Русия ва забони русӣ дидем. Фикр мекунам, ки ин муносибатро бояд ҳамаҷониба қадр ва дастгирӣ кард", - гуфт ӯ.
Мактаби рақами 75 нахустин иштирокдори тоҷикистонии лоиҳаи нави "Россотрудничество" гардид. То охири сол чунин як маркази захиравӣ дар шаҳри Панҷакент ба кор медарояд ва чунин нақшаҳо барои соли оянда низ мавҷуданд.
"Ин марказҳо, ки аллакай дар 16 кишвари ҷаҳон кушода шудаанд, имкони омӯзиши гибридӣ бо истифода аз форматҳои нави чандрасонаӣ, фаъолиятҳои таълимӣ ва беруназсинфӣ доранд", - раиси намояндагии "Россотрудничество" дар Тоҷикистон.
Дар кишварҳои ИДМ 8,5 ҳазор мактаби русӣ фаъолият дорад
Иван Иванов муҳим хонд, ки ин кор як таконе барои силсилаи рӯйдодҳо гардад, ки ба омӯзиши забони русӣ мусоидат мекунад.
Дар навбати худ маъмурияти мактаб, ки ҳамчун қадимтарин маркази рушди забони русӣ дар шаҳри Турсунзода шинохта мешавад, итминон дод, ки барои корҳои минбаъда нақшаҳои калон доранд.
Гузаронидани чорабиниҳои беруназсинфӣ, курсҳои кӯдакону калонсолон, забономӯзӣ ва маҳфилҳо аз ҷумлаи чорабиниҳои дарназардошта муаррифӣ шуданд.