Черевченко бо ҳамроҳонаш ба Русия баргашт: Тафсилоти тағйирот дар "Истиқлол"

Муҳлати шартномаи мураббии тими футболи "Истиқлол"-и Душанбе, Игор Черевченко 31 декабри соли равон ба поён мерасад, ки тамдид нахоҳад шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Ҳамроҳ бо сармураббии қариб собиқи "Истиқлол" Игор Черевченко, ёвари ӯ Юрий Батуренко ва мураббии дарвозабонҳо Дмитрий Тяпушкин ба Русия баргаштанд.
Чаро шартнома бо Черевченко тамдид нашуд хабарнигори Sputnik Тоҷикистон аз бошгоҳи душанбегӣ пурсид.
Ба гуфтаи муовини раиси бошгоҳ Мӯҳсин Муҳаммадиев, Черевченко шартномаашро ба итмом расонида, ҳоло ба назди хонаводааш дар Русия бармегардад.
"Занаш бемор аст ва ҳоло ӯро нигоҳубин мекунад. Сипас нақшаҳои ояндаашро эълон мекунад", - шарҳ дод ӯ.
Ҳамчунин, муовини раиси ФК "Истиқлол" таъкид кард, ки мутахассис барои мураббӣ шудан пешниҳодҳои зиёд дорад, вале баъдан онҳоро баррасӣ хоҳад кард.
Якҷоя бо Черевченко ёвари ӯ Юрий Батуренко ва сармураббии дарвозабонҳо Дмитрий Тяпушкин бинобар ба охир расидани муҳлати шартнома бо бошгоҳи "Истиқлол" аз Душанбе ба Русия рафтанд.
Илова бар ин, “Истиқлол” шартномаи ҳамкорӣ бо чаҳор футболбози хориҷиро тамдид накардааст.
ФФТ ҳаққи аъзогӣ барои дастаҳои лигаи олӣ ва якуми Тоҷикистонро 20 ҳазор сомонӣ гарон кард
Инҳо Сенин Себай, Седрик Гогуа аз Кот-д'Ивуар, муҳофизатгарон Муҷтабо Муқтадоии эронӣ ва Ҷозеф Окорои нигериягӣ мебошанд. Гуфта мешавад, қарордоди ҳамкорӣ бо ризоияти тарафайн бекор карда шуд.
"Истиқлол" таҳти роҳбарии мутахассиси 49-сола, Черевченко қаҳрамон ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон дар соли 2023 гардид. Вале дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё дар гурӯҳи "Е" бо "Ал-Наср"-и Арабистони Саудӣ, "Персеполис"-и Эрон ва "Ал-Дуҳайл"-и Қатар дар ҷойи 4-ум қарор гирифт.