ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Клуби ҷудои "Ҳоҷӣ Шариф" дар аввалин мусобиқаи байналмилалӣ миёни клубҳо "Jenys Cup 2023" сазовори ҷои дуюм гардид.
Дар ин бора Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар пайи ҷамъбасти натиҷаҳои мусобиқа дар шаҳри Алмаатои Қазоқистониттилоъ дод.
Манбаъ афзуд, ки клуби "Ҳоҷӣ Шариф" дар финал аз клуби "Шеварденӣ"-и Гурҷистон мағлуб шуд. Ду ҷои сеюмро дастаҳои "Эделвейс" аз Русия ва "Женус" аз Қазоқистон соҳиб шуданд.
Рақобатҳо дар вазнҳои -66кг, -73кг, -81кг, -90кг ва +90кг сурат гирифта, дар он 17 клуб аз Қазоқистон, Туркия, Испания, Муғулистон, Фаронса, Россия, Беларус, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Гурҷистон ширкат намуданд.
Дар ҳайати клуби "Ҳоҷӣ Шариф" Муллораҷаб Халифаев (-66кг), Абубакр Шеров, Муҳаммадшариф Наҷмиддинов (-73кг), Қурбон Кудиев (-81кг), Умедҷон Раҷабов (-90кг) ва Мансур Раҳмон (+90кг) шомил буданд.
Фонди ҷоизавии мусобиқа 100 ҳазор доллари амрикоиро ташкил дода, ба ғолиб 30 ҳазор доллари ИМА, ҷои 2-юм - 20 ҳазор ва ду ҷойи сеюм 10 ҳазор доллар тақдим шуд.
Дар мусобиқа ҳамчунин беҳтарин ҷудочӣ, беҳтарин техника ва гаронарзиштарин ширкаткунанда муайян ва бо ҷоизаҳои пулӣ қадр гардиданд.