Дар кишварҳои ИДМ 8,5 ҳазор мактаби русӣ фаъолият дорад

Вазорати хориҷаи Русия мегӯяд, дар солҳои ахир қаламрави кишварҳои Иттиҳодияи Давлатҳои Мустақил ба омузиши забони русӣ таваҷҷуҳи хос медиҳанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Дар кишварҳои ИДМ ҳудуди 8,5 ҳазор мактабе, ки ба забони русӣ таълим медиҳанд, фаъолият мекунанд, иттилоъ додааст Вазорати корҳои хориҷии Русия.
Шумораи бештари мактабҳои русӣ – тақрибан 2700 – мактаб дар ҷумҳурии Беларус фаъолият мекунанд.
Дар дигар кишварҳои ИДМ муассисаҳои таълимии пурра ба забони русӣ вуҷуд доранд ва ё дар онҷо синфҳои русӣ кушодаанд.
Ба гуфтаи намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова, ҳар як кишвар дар ташкили омӯзиш нозукиҳои худро дорад.
Вай қайд кард, ки мактабҳое, ки тавассути Вазорати маорифи Русия кушода мешаванд, хеле маъмуланд.
Аз омӯзиши забони русӣ то мубориза бо фасод: Раҳмон аз аъзои ҳизби ҳоким чӣ хост?
Ёдовар мешавем, ки соли 2022 панҷ мактаби русӣ-тоҷикӣ ба фаъолият шурӯъ карданд.
Тавре расонаҳо хабар доданд, давоми панҷ соли охир талабот ба таълими синфҳои русӣ дар Точикистон хеле афзоиш ёфтааст. Маросими ифтитоҳи мактабҳои русӣ дар Тоҷикистон дар соли 2022 баргузор шуд. Дар он президентҳои ду кишвар: Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон ширкат доштанд.
Дар ин мактабҳо дарсҳо аз рӯи нақшаи таълимии русӣ бо назардошти ҷузъи миллӣ сурат мегирад. Барои қабули кӯдакон меъёри асосӣ донистани забони русӣ мебошад. Дар мактабҳо ғайр аз фанҳои таълимии русӣ забони точикӣ, инчунин таъриху географияи мамлакат дарс дода мешавад.
Дар пойтахти Туркманистон мактаби ба номи Пушкин мавчуд аст. Шумораи талабагонаш зиёд шуда, ҳоло шумораи онҳо аз ҳазору сад нафар гузашт.