Ҳамлу нақл тавассути худравҳо дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст

Ҳаҷми воридоти молу коло ба Тоҷикистон воридот мутаносибан 22% зиёд гашта, содирот, баръакс,18% коҳиш ёфтааст. Камшавии ҳаҷми содирот асосан аз ҳисоби коҳиши интиқоли семент ва ангишт ба амал омад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Дар моҳҳои январ-ноябри соли 2023 ҳаҷми боркашонӣ тавассути системаи нақлиёти автомобилӣ қариби 32,7 млн тоннаро ташкил дод.
Дар ин бора вазири нақлиёти Тоҷикистон, Азим Иброҳим, зимни ҷамъбасти нишондодҳои соҳа иттилоъо дода, афзуд, ки ин ҳаҷм нисбат ба ҳамин давраи соли пешӣ 14% зиёдтар мебошад.
Ҳаҷми боркашонии байналмилалӣ низ зиёд шуда, беш аз 2,2 млн тоннаро ташикл дод.
Ҳамлу нақли байналмилалӣ асосан бо Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ӯзбекистон, Афғонистон, Қазоқистон, Русия, Туркия ва Эрон амалӣ карда шуд, афзуд манбаъ.
Андози роҳ аз мошинҳо дар Тоҷикистон афзоиш меёбад
"Аз ҷумла ҳаҷми воридот қариби 1,3 млн тон ва содирот 980 ҳазор тонна шудаст.
"Яъне, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта, воридот мутаносибан 22% зиёд гашта, содирот, баръакс,18% коҳиш ёфтааст. Камшавии ҳаҷми содирот асосан аз ҳисоби коҳиши интиқоли семент ва ангишт ба амал омад", - тавзеҳ дод манбаъ.
Ҳиссаи интиқолдиҳандагони ватанӣ дар ҳамлу нақли байналмилалии бору маҳсулот сол аз сол бештар шуда, дар 11 моҳи соли ҷорӣ 58% шудаст, ки ин нишондод то соли 2020 ҳудуди 45-50% будаст.
Зикр гардид, ки феълан дар кишвар 228 корхонаву ҷамъиятҳо, аз ҷумла 76 корхонаи боркашонӣ, 106 корхонаи мусофирбарӣ ва 46 корхонаи интиқоли омехта, яъне ҳам бор ва ҳам мусофирбарӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки тибқи иҷозатнома кор мекунанд.