Маълум шуд, ки таътили даҳрӯзаи зимистона барои мактаббачагон кай оғоз мешавад

Дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ то 31 декабр чоряки дуюм ҷамъбаст гардида, хонандагон ба таътили зимистона мебароянд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Аз 1 январи соли 2024 дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон таътили даҳрӯзаи зимистона оғоз мегардад.
Дар ин бора маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ то 31 декабр чоряки дуюм ҷамъбаст гардида, хонандагон ба таътили зимистона мебароянд ва дарсҳо дар тамоми мактабҳо 11 январ оғоз мегарданд.
Вазорати маорифи Тоҷикистон дар таътили зимистона хонандагонро ба барномаҳои илмию адабӣ, китобхонаҳо, мусобиқаҳои варзишӣ, дарсҳои иловагии компютерӣ, омӯзиши забонҳои русиву англисӣ, омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ ҷалб менамояд.
Инчунин ба хонандагон барои мутолиа рӯйхати ададбиёти бадеӣ пешниҳод мегардад.
Баррасии масъалаи рушди илму маориф дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе
Ҳамзамон Вазорат аз ҳамаи падару модарон даъват кардааст, ки дар таътили зимистона аз паси фарзандони худ назорати ҷиддӣ бурда, нагузоранд, фарзандонашон бештари вақти худро бо истифодаи телефони мобилӣ ва корҳои беҳуда гузаронанд. Ҳамчунин волидайн монеи оворагардӣ ва сарфи беҳудаи вақти онҳо дар кӯчаю марказҳои интернетӣ бояд шаванд.
Дар ҳамин ҳол, омӯзгорон дар ин муддат ба корҳои методӣ ва омодагӣ ба озмуни "Муаллими сол", гузаронидани маҷлисҳои падару модарон, суҳбат бо волидайни хонандагон ва чорабиниҳои таълимӣ ҷалб мешаванд.
Дар ин давра дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ доир мегарданд, ки хонандагон ба онҳо омодагӣ мегиранд.
Олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон ҳамасола дар таътили зимистона доир мешавад.