Мақомот гуфт барои таъмини амнияти озуқавориву паст намудани сатҳи камбизоатӣ чӣ лозим аст

Коршиносон ва намояндагони мақомот "Стратегияи миллии ҳифзи гуногунии агробиологии Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро таҳия хоҳанд кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Дар ҷаласаи кории Гурӯҳи байниидоравӣ дар умури баррасии масъалаи таҳияи "Стратегияи миллии ҳифзи гуногунии агробиологии Тоҷикистон", ки бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо ва коршиносон баргузор гардид мавзуи моҳият ва зарурати ҳифзи гуногунии агробиологӣ ва захираҳои генетикии растанӣ барои озуқаворӣ ва ғизо баррасӣ шуд.
Дар ин бора Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон хабар додааст.
Дар ин ҷаласа таъкид карда шуд, ки "Стратегияи миллии ҳифзи гуногунии агробиологии и Тоҷикистон" ҳамчун ҳуҷҷати муҳими стратегӣ барои танзими ҳифзи захираҳои ирсӣ, генетикӣ ва гуногунии агробиологӣ ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ ва паст намудани сатҳи камбизоатӣ хеле зарур ва муҳим аст.
Қайд карда шудааст, ки дар ин ҷаласа дар бораи гуногунии агробиологӣ ва захираҳои генетикии Тоҷикистон, таҳдиду монеаҳои мавҷуда ва чорабиниҳои нақшавӣ ҷиҳати таҳияи Стратегия табодули назар карда шуд
Тоҷикистон ба кишварҳои ИДМ чӣ қадар маҳсулоти кишоварзӣ содир мекунад?
Дар ин ҷаласа зикр карда шуд, ки Тоҷикистон ҳамчун мамлакати кӯҳистон аз гуногунии биологӣ ва захираҳои генетикӣ бой буда, 70%-и аҳолии он аз захираҳои табиӣ ва ирсӣ вобаста мебошад.
“Аз ин рӯ маҳсулоти гуногунии агробиологӣ асоси амнияти озуқаворӣ ва таъмини устувори рӯзгори мардуми манотиқи кӯҳистон аст”, - қайд карда шудааст дар ин ҷаласа.
Иштирокдорони ҷаласа аҳамияти таҳияи Стратегияи гуногунии агробиологиро бо назардошти тағйирёбии иқлим барои таъмини ҳифзи гуногунии агробиологӣ муҳим ва саривақтӣ донистанд.