ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Муовини раиси вилояти Хатлон Файзуллозода Заробиддин Қудрат ахиран барои пурра ба кор андохтани иқтидорҳои корхонаҳои ҷӯроббарорӣ бо масъулин ҷаласа баргузор кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти мақомоти вилояти Хатлон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа масъалаҳои ҷамъоварӣ ва коркарди пахта, истихроҷи канданиҳои фоиданоки маъмул, истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ, сохта ба истифода додани корхонаҳои нави саноатӣ, дӯзандагӣ, ҷамъоварии барқи истеҳсолшуда, талафоти нерӯи барқ ва назорати рафти зимистонгузаронӣ дар шаҳру ноҳияҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
"Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳо дар шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Вахш оид ба пурра ба кор андохтани иқтидорҳои корхонаҳои ҷӯроббарорӣ ва то 500 нафар расонидани коргарон дар корхонаи ҷӯроббарории шаҳри Кӯлоб дастур дода шуд", - таъкид намудааст манбаъ.
Дар ин ҷаласа ба масъулин тавсия дода шуд, ки ба арзиши аслии маҳсулот ва фарогирии маҳсулотҳои саноатӣ дар омор диққати ҷиддӣ дода шавад.
Дар ҷамъбасти ҷаласа муовини раиси вилоят ба масъулин супориш дод, ки натиҷаи ҷамъбасти соли 2023 дар ҳама самтҳои хоҷагии халқи вилоят дар доираи барномаҳои пешбинишуда ҷамъбаст карда шавад.