ДУШАНБЕ, 20 дек – Sputnik. Қимати гази моеъ яке аз серистифодатарин маводи сӯхт дар шаҳру навоҳии Суғди Тоҷикистон ба 7 сомонӣ коҳиш ёфтааст. Дар оғози моҳи декабр нархи ин навъ маводи сӯхт то 7,8 сомонӣ дакка зада буд.
Масъулони ширкатҳои чаканафурӯшии маводи сӯхт дар шарҳи поёнравии нарх мегуянд, ки қимати гази моеъ аз нархи яклухти хариди он вобаста аст.
Мурод Ӯрунов, яке аз роҳбарони ширкатҳои таъминоти сӯзишвории нақлиёт дар шаҳри Хуҷанд зимни суҳбат ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон гуфт, давоми як ҳафтаи охир нархи воридоти гази моеъ арзон шудааст.
“Ҳар кило гази моеъро ширкатҳои яклухтфурӯши бо қимати камтар аз 12 сомонӣ дастрас карда истодаанд. Пештар нархи яклухти он то ба 13 сомонӣ баланд шуда буд. Ҳар қадаре, ки нархи яклухти бор арзон дастрас шавад, фурӯши чакана ҳамон қадар поён мешавад” – гуфт, роҳбари ТСН.
Бино ба таҳлили Sputnik Тоҷикистон поёни ҳар сол мавсими коҳишёбии нархи маводи сӯхт гуфта мешавад, вале зимнан суръати поёнравии нархи газу бензину дизел дар муқоиса ба ҳамин шабурӯзи соли гузашта суст арзёбӣ мешавад.
Давоми моҳи декабри соли гузашта нархи гази моеъ аз 5,5 ба 5,3 сомонӣ, нархи бензини навъи 92 аз 8,10 ба 7,3 сомонӣ ва 95 аз 8,50 то ба 7,8 сомонӣ поён шуда буд.
Дар тоблӯҳое, ки ширкатҳои фурӯши маводи сӯхт мураттаб намудаанд, ҳоло нархи гази моеъ 7 сомонӣ, бензини навъи АИ 92 – 10, 6 сомонӣ, АИ 95 – 11 сомонӣ ва сӯзишвории дизелӣ 11 сомонӣ аст.
Маводи сӯхт ба Тоҷикистон асосан аз хориҷа аз Русия ва Қазоқистон ворид карда мешавад.