ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Артиши Русия омодатарин дар ҷаҳон аст, гуфт вазири дифоъ Сергей Шойгу дар ҷаласаи васеъи ҳайати мушовараи вазорат.
"Имрӯз артиши Русия аз ҳама омодашудатарин дар ҷаҳон аст, ки силоҳҳои пешрафта дар шароити ҷанг озмуда шудааст", - гуфт вазир.
Ба гуфтаи ӯ, таҷрибаи амалиёти вижа нишон дод, ки нерӯҳои мусаллаҳ қодиранд ба амалкарди ҳар як душмани замонавӣ “ба таври кофӣ ва саривақт” вокуниш нишон диҳанд.
Шойгу тавзеҳ дод, ки беш аз 650 ҳазор нафар низомиён таҷрибаи ҷангӣ гирифтаанд.
"Вазифаҳои афзалиятноки соли оянда. Амалиёти махсуси низомиро то пурра иҷро шудани вазифаҳои ба миён гузоштаи Сарфармондеҳи олӣ идома диҳед", - таъкид кард вазир.
Вай ҳамчунин талафоти нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро аз оғози амалиёти вижа зикр кард:
зиёда аз 383 ҳазор низомии украинӣ кушта ва ё захмӣ гардид;
беш аз 14 ҳазор танк , мошинҳои ҷангии зиреҳпӯш хароб гардиданд;
553 ҳавопаймо, 259 чархбол, зиёда аз 8,5 ҳазор тупҳои артиллерияи саҳроӣ ва системаҳои сершумори ракетӣ.
Илова бар ин, вазир аз ҳамлаи номуваффақи артиши Украинаро гуфт. Ба гуфтаи ӯ, ҳангоми кӯшиши ҳамлаи ҷавобӣ, қувваҳои мусаллаҳи Украина 159 ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбӣ кушта ва захмӣ гардиданд. Инчунин 121 ҳавопаймо, 23 чархбол, 766 танк, аз он чумла 37 Leopard, 2348 мошини зиреҳпӯш, аз ҷумла 50 Bradley корношоям гардиданд.
Дар баробари ин, вазир гуфт, дар маҷмӯъ, Ғарб ба Киев 5220 танк, мошинҳои ҷангии пиёда ва зиреҳпӯш, 28 ҳавопаймо, 87 чархбол, 23 ҳазор ҳавопаймо, беш аз 1,3 ҳазор системаи артиллерӣ, инчунин 2, 65 млн снаряд дод.