ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Владимир Путин гирифтани шаҳрвандии Русия барои сокинони Беларус, Қазоқистон ва Молдоваро осон кардааст.
Фармони дахлдори президенти Русия дар вебсайти Кремл нашр шудааст. Мушаххас шудааст, ки онҳое, ки дар ин кишвар доимӣ иқомат доранд, новобаста аз муҳлати будубош дар Русия метавонанд барои гирифтани шаҳрвандии Русия муроҷиат кунанд.
Шаҳрвандони хориҷӣ, ки қобили кор буда, ба синни 18 расидаанд, метавонанд шаҳрванди Русия шаванд, будуни талаботи иловагӣ.
Барои шаҳрвандони се кишвар талаботи 5 соли иқомат дар Русия ва донистани таъриху қонунҳои ин кишвар пеш аз дархости шаҳрвандӣ ҳатмӣ нест.
Илова бар ин, шаҳрвандони Беларус маҷбур нестанд, ки донистани забони русиро исбот кунанд.
Ахиран Путин дар ҷамъбасти сол гуфт, Русия хориҷиёнеро, ки қонунро риоя мекунанд ва мехоҳанд муҳоҷират кунанд, истиқбол хоҳад кард.
Маврид ба зикр аст, ки дар нимсолаи аввали соли равон 287 ҳазор хориҷӣ шиносномаи русиро соҳиб шудаанд.
Дар миёни русиягиҳои нав, шаҳрвандони Тоҷикистон пешсаф мебошанд, ки дар 6 моҳи аввали соли равон 87 ҳазор нафарашон шиносномаи русӣ гирифтаанд.
Шумораи шаҳрвандони Тоҷикистоне, ки дар нимсолаи аввали соли равон шиносномаи Русияро гирифтаанд, нисбат ба ҳамин давраи соли пешӣ 13 ҳазор нафар бештар мебошад.