ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Варзишгари маъруфи гуштии озод Юсуф Абдусаломов дар Доғистон таваллуд шудааст, вале дар ҳайати дастаи Тоҷикистон рақобат кардааст.
Ӯ дар таърихи варзиши муосири тоҷик аввалин нуқраи олимпиро ба даст овард ва ҳоло дар Варшава орзуяшро амалӣ кардааст.
Дар ин бора варзишгар дар як сӯҳбати вижа бо хабарнигори Sputnik Тоҷикистон нақл кард.
"Тавре медонед, муддати тӯлонӣ ҳамчун сармураббии дастаи гуштии озоди Полша кор кардам, оилаамро ба Варшава овардам, кӯдакон дар ин ҷо мактаб мехонанд, дар донишгоҳ таҳсил мекунанд, ҳама ба кишвар одат кардаанд. Аз ин рӯ, тасмим гирифтам, нақшаеро, ки дер боз мекашидам, амалӣ кунам – бошгоҳи худро кушодам", — гуфт Абдусаломов.
Ӯ қайд кард, ки бошгоҳи варзишӣ Wrestling Family Club ном дорад.
Барандаи ҷоизаи олимпӣ ҳамчунин таъкид кард, ки дигар пешниҳоди дигар кишварҳо ва тимҳои миллиро баррасӣ намекунад, зеро мехоҳад бо хонаводааш бошад ва дар паҳлӯи онҳо кор кунад.
"Мо нақша дорем, ки боз ду бошгоҳи дигар - яке дар Аврупо ва дуюм дар Арабистони Саудӣ ифтитоҳ кунем. Бошгоҳ бо ҳамон ном ва бо мураббиёни ҳунарҳои размӣ, ки дар онҳо на танҳо гуштигирони тарзи озод тамрин мекунанд", - изҳор дошт паҳлавон.
Ба гуфтаи ӯ, дигар намехоҳад ба касе кор кунад.
"Ман мураббӣ ҳастам, ки самимона барои натиҷа кор мекунам, аммо бисёре аз роҳбарони ман ҳадафҳои тамоман дигар доранд ва илова бар ин, онҳо аз соҳаҳои тамоман дигар буданд, ки умуман намефаҳманд, ки варзиш чист ва чӣ гуна ба натиҷаҳои баланд ноил шудан мумкин аст, инчунин барои ин чӣ бояд кард, тамоми душворӣ аз ин ҷост", — қайд кард у.
Юсуф Абдусаломов ба хулосае меояд, ки дар ниҳоят ба варзиш дар марҳилаи аввали рушд сармоягузорӣ лозим аст.
Варзишгар ҳамчунин қайд кард, ки бозгашташ ба Доғистонро, ки аз онҷост, истисно намекунад, аммо бошгоҳи ӯ дар ҳар ҳол рушд хоҳад кард.
"Дар Доғистон хешовандон дорам, модарам. Ҳамзамон кори бошгоҳро ҳамоҳанг мекунам ва тамоми раванди тамрин зери назорат хоҳад буд. Агар рафтам ҳам, давра ба давра ба Варшава меоям", - гуфт варзишгар.
Абдусаломов дар айни замой мақсади асосиро дар тарбияи насли наврас, ҷустуҷӯи истеъдодҳо, дастраси умум гардондани таҷрибаи худ мебинад.
"Инкишофи кӯдакон - авлавият!" — хулоса кард ӯ.