ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Шӯрои Комиссияи иқтисодии АвруОсиё ба Русия барои воридоти тухми мурғ имтиёз ҷорӣ кард.
Ин имтиёз воридоти то 1,2 млрд дона тухми мурғро будини боҷи гумрукӣ пешбинӣ мекунад.
Сабукии мазкур аз 1 январ то 30 июни соли 2024 амал хоҳад кард.
"Аз соли 2020 инҷониб интиқол аз кишварҳои ИДМ амалӣ карда намешавад, ки ин ба сатҳи баланди худтаъминкунӣ вобаста буд. Аммо ҳоло дар пасманзари афзоиши талаботи истеъмолӣ ва коҳиши ҳаҷми истеҳсолот бинобар вазъи эпизоотӣ мо афзоиши назарраси нархи тухмро мушоҳида мекунанд", - қайд кард вазири савдои ЕЭК Андрей Слепнёв.
Ба гуфтаи ӯ, сабукии муваққатии боҷи гумрукӣ, таъминотро бо арзиши муқоисашаванда бо истеҳсоли ватанӣ, бахусус аз Туркия ва Эрон таъмин хоҳад кард.
"Тадбир кӯтоҳмуддат аст ва барои ҷилавгирӣ аз болоравии нархҳои истеъмолии маҳсулоти муҳими иҷтимоӣ дар фасли зимистон ва баҳор, инчунин пешгирӣ аз норасоӣ кӯмак хоҳад кард",- бовар дорад номбурда.
Имтиёзҳои тарифӣ дар сурати аз ҷониби мақоми ваколатдор тасдиқ намудани таъиноти моли воридотӣ дода мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки ахиран раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар гуфтугӯи мустақимаш бо аҳолӣ барои боло рафтани нархи тухм узр хост ва гуфт, ки ин як заъфи ҳукумат аст.
Ӯ болоравии нархи тухмро бо афзоиши талабот рабт дод, ки дар баробари ин мавсими воридот дер оғоз шуду истеҳсоли дохилӣ низ афзоиш наёфт.
Раисҷумҳури Русия гуфт, ки вазъ бо қимати тухм беҳтар хоҳад шуд, зеро ӯ дар бораи ҳалли вазъи пешомада бо вазири кишоварзӣ сӯҳбат кардааст