ДУШАНБЕ, 18 дек – Sputnik. Кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қасд доранд, ки Озмуни байналмилалии суруд "Интервидение"-ро роҳандозӣ кунанд.
Қарор аст, ки ин чорабинӣ тамоми кишварҳои иттиҳодро фаро гирад.
Аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки аз баргузории озмуни "Интервидение" огоҳанд, зеро шариконашон аз Русия ба онҳо хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар бораи шарту шароити баргузорӣ ва талаботҳои он ҳоло намедонанд.
“Танҳо шифоҳӣ дар бораи ин озмун ба мо хабар доданд ва гуфтанд, ки расман мактуб низ мефиристанд, аммо то ҳо онро мо дастрас накардаем”, - гуфт манбаъ.
Ин ниҳод гуфт, ки дар сурати расман ворид шудани дархост, бо раҳбарият мавриди баррасӣ қарор медиҳанд ва пасон тасмими ниҳоиро мегиранд.
Нахуствазири Русия Михаил Мишустин рӯзи 18 декабр зимни суханронияш дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ изҳор дошта гуфт, ки ин идея қаблан аз ҷониби ходимони фарҳанг ироа шуда буд.
Ба гуфтаи сарвазир нахустин "Интервидение" соли оянда дар Русия баргузор мешавад, дар якҷоягӣ бо шарикон қоидаҳо муайян карда мешаванд, кумитаи тадорукотии доимӣ таъсис дода мешаванд ва ҳакамҳои миллӣ интихоб мешаванд.
"Тибқи нақшаи онҳо, он метавонад солона ва барои иштироки ҳамаи давлатҳое, ки арзишҳои маънавии мо шариканд ва барои муколамаи мутақобилан эҳтиромона ва баробар омодаанд, доир шавад. Аввалин чунин чорабинӣ соли оянда дар Русия баргузор мешавад”, - гуфт Мишустин.
Ӯ изҳори итминон кард, ки озмуни сурудҳои "Интервидение" ба ҷашни дурахшон ва ғайриоддии мусиқӣ табдил хоҳад ёфт.