ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Федератсияи футболи Тоҷикистон маблағи аъзогӣ барои дастаҳои лигаи олӣ ва якуми Тоҷикистонро 20 ҳазор сомонӣ боло бурда.
Ин тасмим дар ҷаласаи солонаи Кумитаи иҷроияи ФФТ гирифта шудааст, хабар медиҳад, дафтари матбуоти ин ниҳод.
Ҳамакнун барои ширкат дар лигаи олии кишвар 80 ҳазор сомонӣ ва дар лигаи якум 40 ҳазор сомонӣ супорида мешавад.
Қаблан маблағи ширкат дар мусобиқоти Лигаи футболи Тоҷикистон 60 ҳазор сомонӣ (лигаи олӣ) ва 20 ҳазор сомониро (лигаи якум) ташкил медод.
Бар асоси нақша қарор аст, ки 33-юмин мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ 30-юми март оғоз шуда, мисли ду соли охир дар ду марҳила баргузор мешавад.
Дар қисми аввал даҳ даста дар ду давра бозӣ мекунанд. Баъдан дастаҳо дар марҳилаи дуюм ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд. Дар умум, ҳар як бошгоҳ дар чемпионат 22 вохӯригӣ мегузаронад.
Бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон-2024 миёни қаҳрамони кишвар – “Истиқлол”-и Душанбе ва барандаи медали нуқраи лигаи олӣ – “Равшан”-и Кӯлоб 11 май дар варзишгоҳи “ТАЛКО Арена”-и шаҳри Турсунзода баргузор мешавад.
Гуфта мешавад, вохӯрӣ дар варзишгоҳи таъмиршудаи шаҳри Турсунзода сурат мегирад, ки дар он таҷҳизоти равшанидиҳӣ насб мегардад.
Ба гузориши ФФТ, варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан, ки онҷо низ нурафканҳо насб карда мешаванд, макони баргузории бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2024 тасдиқ шудаст.
Дар соли оянда маҳдудият барои бозигарони хориҷӣ дар чемпионати Тоҷикистон тағйир намеёбад.
Тибқи қоидаи тасдиқшуда, ҳар як бошгоҳи лигаи олӣ метавонад то ҳафт бозигари хориҷиро ба ҳайати худ шомил кунад, вале то панҷ легионер дар як вақт ба майдон иҷозат дода мешавад.
Ҳамин тариқ, мавсими навбатии чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи якум 19 апрел оғоз шуда, дар ду давра баргузор мешавад.