Раҳмон мардуми Қазоқистонро бо Рӯзи истиқлолашон табрик гуфт

Қазоқистон Рӯзи истиқлолияти ҷумҳуриро ҷашн мегирад. Ба президент ва сокинони кишвар аз ҷониби роҳбарони дигар кишварҳо табрикномаҳо меоянд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҷониби Қазоқистон ба муносибати Рӯзи истиқлолият, ки дар ин ҷумҳурӣ таҷлил мешавад, табрикот ирсол намуд.
Вай ҳамтои худ, раиси ҷумҳури Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев ва тамоми мардуми кишварро бо ин ид табрик гуфт.
Раҳмон муваффақиятҳои дар солҳои охир ба даст овардаи ҷумҳуриро қайд намуда, ба халқи бародар сулҳу осоиш орзу намуд.
"Қазоқистон дар арсаи байналмилалӣ ба мавқеи баланд ноил гардид ва имрӯз бо қадамҳои дилпурона дар роҳи пешрафту шукуфоӣ пеш меравад", - овардааст хадамоти матбуоти президенти Қазоқистон аз суханони Раҳмон.
Ҳама раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла сарони Туркманистон Сардор Бердимуҳамедов, Қирғизистон Садир Ҷабборов ва Узбекистон Шавкат Мирзиёев низ ба муносибати ҷашни асосии миллӣ ба ҷониби Қазоқистон табрик ва суханони гарм расониданд.
Тиҷорати Суғд бо Қазоқистон аз 600 млн доллар бештар шуд
Рӯзи истиқлолияти Қазоқистон ҷашни миллии ҷумҳурӣ буда, аз соли 1991 ҳамасола 16 декабр ҷашн гирифта мешавад.
Аз соли 2022 ин ҷашн мақоми миллии худро аз даст дода, ба ҷашни давлатӣ табдил ёфт.
Бо дарназардошти он, ки имсол 16 декабр ба рӯзи истироҳат рост меояд, қазоқистониён се рӯз 16, 17 ва 18, яъне аз рӯзи шанбе то душанбе истироҳат мекунанд.