ДУШАНБЕ, 16 дек – Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон таъкид кардааст, ки барои риоя накардани талаботи пардохти ғайринақдӣ ҷарима пешбинӣ шудааст.
Ба гуфтаи муовини вазири молияи Тоҷикистон Карим Гулмурод, барои риоя накардани талабот дар бораи тариқи ғайринақдӣ пардохт намудани хизматрасониҳои давлатӣ ва пардохтҳои дигари ҳатмии давлатӣ аз 680 то 1360 сомонӣ ё аз 10 то 20 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима пешбинӣ шудааст.
Ба гуфтаи оқои Гулмурод, ин нукта дар банди иловашудаи тағйироти нав ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон дарҷ гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки тибқи иттилои Кумитаи андози Тоҷикистон, то 1 октябри соли равон дар филиалу шуъбаҳои Бонки амонатгузории "Амонатбонк" зиёда аз 1060 ПОС – терминалҳои электронӣ насб гардидааст.
Ба иттилои ҳамин ниҳоди давлатӣ аз 1 март то 1 октябри соли равон тавассути ПОС – терминалҳо ва ҳамёнҳои электронӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар маҷмуъ 1273,6 ҳазор амалиёт ба маблағи зиёда аз 449 миллион сомонӣ гузаронида шудааст.
“Аз ҷумла, аз 1 август то 1 октябр 844,3 ҳазор амалиёти пардохти ғайринақдии андозҳо ва боҷҳо ба маблағи 319 миллион сомонӣ гузаронида шудааст”, - таъкид кардааст Кумитаи андоз.