Ягона гроссмейстери тоҷик шатранҷбозии касбияшро хотима додаст?

Агар шатранҷбоз муддати муайян дар мусобиқаҳои расмӣ зӯрозмоӣ накунад, пас радабандияш ба бойгонӣ меравад, гуфт дабири кулли Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Дар радабандии нави шатранҷбозони Федератсияи ҷаҳонӣ, аз Тоҷикистон Муҳаммад Хусейнхоҷаев пешсаф шуд. .
Гуфта мешавад, ки ӯ дар ин мақом ягона гроссмейстери ҷумҳурӣ Фаррух Амонатовро иваз кардааст. Ҳамин тавр, дар доираҳои шоҳмот мегӯянд, ки Амонатов ба нафақа баромада, ба фаъолияти мураббигӣ тамаркуз кардаст.
Дурустии ин сару садоҳоро Sputnik Тоҷикистон аз дабири кулли Федератсияи шоҳмоти ҷумҳурӣ Илҳом Юнусов пурсид.
Чаро шатранҷбозони тоҷик ба Бозиҳои Осиё-2023 нарафтанд?
"Дарвоқеъ, Амонатов дар миёни бозигарони фаъол дигар дар радабандии ФИДЕ нест. Аммо то ҷое медонам, ӯ то ҳол фаъолияти касбияшро ба анҷом нарасондааст, танҳо муддати тӯлонӣ дар мусобиқаҳо ширкат накардааст", - итминон дод мутахассис.
Ба гуфтаи ӯ, агар шатранҷбоз муддати муайян дар мусобиқоти расмӣ бозӣ накунад, рейтинги ӯ ба бойгонӣ меравад.
"Оё ӯ фаъолияти касбиашро ба охир расонд? Ҳоло не, ҳоло бо шоҳмотбозони сершумори кишварҳои гуногун кор мекунад, онҳоро машқ медиҳад, таҷрибаашро тақсим мекунад", - изҳор дошт Юнусов.
Илова бар ин, дабири кулли Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон иброз дошт, ки Муҳаммад Хусейнхоҷаев ҳоло дар назди худ вазифа гузоштааст, ки гроссмейстери дуюм дар таърихи ҷумҳурӣ шавад.
"Рӯзҳои наздик ӯ ҳамроҳи Алишер Каримов ба мусобиқаи СҲШ ба Чин меравад", - таъкид кард дабир.
Шатранҷбози навраси тоҷик аз пирӯзияш дар чемпионати ҷаҳон гуфт
Юнусов ҳамчунин афзуд, то поёни соли 2023 боз як мусобиқаи муҳим - Чемпионати ҷаҳон оид ба рапид ва блитс дар Самарқанд баргузор мешавад.
Дар озмун тоҷикон Мустафохуҷа Ҳусейнхоҷаев ва Илҳоми Ҷалолиддин ҳунарнамоӣ мекунанд.
Ба иттилои Федератсия, бо ҳамин мавсим барои шоҳмотбозони тоҷик ба охир мерасад ва мавсими нав аз моҳи январ оғоз мешавад.