ДУШАНБЕ, 15 дек – Sputnik. Тоҷикистон ҳадаф гузоштааст, ки барои беҳбуди саломатии сокинон муҳити зисти мусоидро фароҳам созад.
Ин нукта дар барномаи миллии ҷумҳурӣ таҳти унвони "Кишвари сабз" барои солҳои 2023 - 2027 таъкид шудаст.
Дар барнома омадааст, ки ҳадаф коҳиш додани партови газҳои гулхонаӣ, гузариш ба иқтисоди сабз, таъмини устувории табиӣ тавассути васеъ намудани майдони ҷангалҳо, боғу токзорҳо мебошад.
Мақомоти Тоҷикистон дар барномаи миллӣ ҳадаф гузоштаанд, ки майдонҳои сабз ва ҳудудҳои табиии махсус ҳифзшавандаро васеъ мекунанд, то амнияти экологии аҳолӣ таъмин шавад.
Дар нақша аст, ки канори роҳҳои Тоҷикистон сабзкорӣ шавад, пешбинӣ шудаст дар барнома.
Мувозинати экологии маҳалҳои аҳолинишинро аз ҳисоби шинондани дарахтон, ки муқаррар шудааст, набояд камтар аз 65% бошанд ва буттаҳо то 25% таъмин мекунанд.
Президенти Тоҷикистон, бо имзои як қарор тамоми вазорату идораҳо ва ҳукуматҳои маҳаллии ҷумҳуриро муваззаф кардааст, ки барои татбиқи барномаи мазкур чораандешӣ кунанду ҳамасола аз кори анҷомдодаашон ба Кумитаи ҳифзи муҳисти зисти кишвар ҳисобот диҳанд.
Дар навбати худ Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон дастур гирифтаст, ки то 1 январи ҳар соли амали барномаи мазкур ба ҳукумат дар бораи татбиқи он гузориш ироа кунад.