Тоҷикистону Туркия зиёдсозии парвозҳо ва хатсайри боркашониро баррасӣ карданд

Ҷониби Туркия омодагияшро барои бозомӯзии мутахассисони соҳа аз Тоҷикистон, омӯзиши мутахассисони фурудгоҳҳо, мубодилаи таҷриба изҳор доштааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркия талош доранд ҳамкориро дар бахши авиатсияи гражданӣ тавсеъа диҳанд.
Ҷонибҳо барои тақвияти ҳамкориҳо ёддошти тафоҳуми нав байни мақомоти авиатсионӣ ба имзо расонидаанд,
Ин тавофуқ, масъалаҳои зиёд намудани шумораи парвозҳои мусофиркашонӣ, ифтитоҳи парвозҳои боркашонӣ, паст намудани нархи сӯзишворӣ ва хизматрасонии рӯизаминӣ дар Фурудгоҳи байналмиллалии Душанберо дар бар мегирад.
Дар ин бора дафтари матбуоти Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, ин ҳуҷҷат пас аз дидори директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Дилшод Сафарзода бо сафири Туркия Умут Аҷар, директори минтақавии Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ дар Тоҷикистон (ТИКА) Иброҳим Этҳем Унал дар Душанбе имзо гардид.
Сафар аз Душанбе ба Хуҷанд минбаъд осонтар мешавад: тафсилот
Дар ин дидор ҷонибҳо афзудаанд, ки авиатсияи гражданӣ яке аз соҳаҳои муҳими ҳамкории байни ду давлат маҳсуб ёфта, он пайваста рушду такомул меёбад.
Таъкид шуд, ки парвозҳои боркашонӣ ҷиҳати рушди ҳамкории иқтисодӣ заминаи мусоидро фароҳам меорад.
"Бахусус қайд карда шуд, ки парвозҳои боркашонӣ ҷиҳати рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ заминаи мусоидро фароҳам меоварад",- афзудааст манбаъ.
Директори минтақавии Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ дар Тоҷикистон изҳор дошт, ки дар доираи ҳамкорӣ дар соҳаи авиатсия барои пешрафти соҳа барои омодасозии кадрҳо кумак кунанд.
Бозомӯзии мутахассисони соҳа аз Тоҷикистон, омӯзиши мутахассисони фурудгоҳҳо, мубодилаи таҷрибаи давлати Туркия ва дигар амалҳо аз пешниҳодоти ҷониби Туркия будааст, ки барои он мусоидат менамоянд.