Тоҷикистону Чин омодасозии мутахассисони техникиро тақвият медиҳанд

Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо донишгоҳҳои Чин ҷиҳати омода кардани мутахассисон дар бахшҳои геодезияи муҳандисӣ ва таъмини гармӣ шартнома баст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Тоҷикистон ва Чин ҳамкориҳоро дар соҳаи маориф тақвият медиҳанд.
Ба ин мақсад, дар Душанбе нахустин форуми ду кишвар оид ба таҳсилоти техникӣ баргузор шуд, ки дар он Донишгоҳи техникии Тоҷикистонба номи М. Осимӣ бо чанд донишгоҳи Чин дар бораи омӯзиши муштараки мутахассисон дар бахшҳои геодезияи муҳандисӣ ва таъмини гармӣ қарордод имзо кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти донишгоҳи мазкур хабар медиҳад.
Қобили зикр аст, ки Маркази таҷриба ва таҳсилоти касбии Тоҷикистону Чин - устохонаи Лиу Банг дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи касбии Тянҷзини идораи сохтмони шаҳрҳои Чин сохта шудааст.
Илова бар ин, дар чаҳорчӯби ин ҳамоиш дар Маркази барқу гармидиҳии рақами №-и шаҳри Душанбе филиали Маркази таҷрибавию амалии Тоҷикистону Чин таъсис дода шуд.
Тоҷикистон ба интернети Чин пайваст мешавад
Устохонаи Лю Банг бренди байналхалқии мубодилаи фарҳангии байни ҶХЧ ва кишварҳои хориҷӣ мебошад, ки аз маҷмӯи марказҳои таълимӣ ва амалии ихтисосҳои муҳандисӣ иборат аст, ки дар зиёда аз 20 кишвари Осиё, Африқо ва Аврупо таъсис дода шудаанд.
Дар Тоҷикистон коргоҳи чинӣ аввалин бинои ин тарҳ дар Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад ва ба иҷрои ин лоиҳа аз ҷониби раҳбарияти олии ҳарду кишвар таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки ахиран Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ва як ширкати фаръии Huawei як ёддошти ҳамкорӣ дар заминаи фанновариҳои рақамиро имзо карданд.
Аз созишнома бармеояд, ки Чин дар ҷумҳурӣ 7,6 ҳазор истгоҳи базавӣ бо низоми GSM/UMS/LTD/5G таъмин ва насб мекунад.