Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 90% марзи давлатиро муайян кардаанд

Дар ҷараёни мулоқот ҳайатҳои ду кишвар натиҷаҳои кори гурӯҳҳои кории топографӣ ва ҳуқуқӣ оид ба муайян ва аломатгузории сарҳади давлатиро баррасӣ карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Тоҷикистон ва Қирғизистон беш аз 90 % марзи муштаракро муайян кардаанд.
Дар ин бора Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, дар пайи мулоқот бо ҳамтои қирғизаш изҳор дошт.
Мулоқоти ҳайатҳои ду кишвар дар маркази маъмурии вилояти Бодканд баргузор шуд.
Дар ин нишаст 120 километри хатти тамос мувофиқа шуд.
Дар поёни ҷаласаи комиссияи корӣ сарони ҳайатҳо – раисони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистону Қирғизистон Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев изҳорот доданд.

"Агар дарозии умумии сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистонро гирем, метавонем тасдиқ кунем, ки беш аз 90% марзи давлатӣ аллакай муайян шудааст", - гуфт Ятимов.

Намояндаи Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки ҷонибҳо ба ҳалли ин масъалаҳо наздиканд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои пурра анҷом додани кор боз чанд мулоқот баргузор хоҳанд кард.
Тоҷикистон ва Қирғизистон 970 километр марзи муштарак доранд. Дар ҳамин ҳол, чандсад километри хати марз муайян ё аломатгузорӣ нашудааст. Ин вазъият пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ба вуҷуд омадааст - ҷонибҳо наметавонанд дар бораи моликияти даҳҳо минтақаи баҳсбарангез ба созиш бирасанд.
Мулоқоти Ятимов ва Тошиев дар Бодканд: мақомҳои амниятӣ аз чӣ гуфтанд
Ҳудуди муайяннашуда ба минтақаи низоъҳои байни аҳолии маҳаллӣ табдил меёбад. Охирин муноқишаи бузург 16 сентябри соли 2022 рух дод, ки дар натиҷаи он аз ҳарду ҷониб садҳо нафар кушта ва захмӣ шуданд ва ба инфрасохтори манотиқи марзии вилоятҳои Суғду Бодканд хисороти зиёди моддӣ расонида шуд.
Бояд гуфт, кишвардорони Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов борҳо масъалаи марзбандиро баррасӣ кардаанд. Вазъ дар минтақаҳои баҳсбарангезро Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) низ таҳти назорати ҷиддӣ қарор медиҳад.
Гуруҳҳои кории байниҳукуматии ду кишвар талош доранд, бо дарназардошти ҳифзи манфиатҳои дуҷониба марзро муайян ва аломатгузорӣ кунанд. Вохӯриҳо бонавбат дар қаламрави ҳамдигар гузаронида мешавад.