Аз таъсиргузортарин мусалмон то пешвои исмоилиёни ҷаҳон: Оқохони IV 87 -сола шуд

Имоми исмоилиёни ҷаҳон, 13 декабри соли 1936 дар шаҳри Женеваи Швейсария ба дунё омадааст. Ин торихро исмоилиёни ҷаҳон чун рӯзи "Мавлуд" ҷашн мегиранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Пайравони мазҳаби исмоилия 87 -умин солгарди зодрӯзи Шоҳ Карим Ал-Ҳусайнӣ, имоми 49-уми худро ҷашн мегиранд.
Дар Ҷашни мавлуд одатан дар сатҳи маҳаллу хонаводаҳо барномаҳои гуногуни фарҳангӣ ва маърифатӣ баргузор мешаванд.
Ҳамакнун дар саросари ҷаҳон камобеш 20 млн нафар пайрави маҳзаби шиаи имомии исмоилӣ ҳаст, ки дар Тоҷикистон, Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон, Танзания, Кения, кишварҳои халиҷи Форс, Эрон, Лубнон, Сурия, Алҷазоир, ҳамчунин Амрико, Канада, Бритониё ва Фаронса ба сар мебаранд.
Яке аз бузургтарин ҷамоатҳои исмоилиён дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст.
Ҳамасола исмоилиёни тамоми дунё ин рӯзро бошукӯҳ ҷашн мегиранд.
Исмоилиёни Тоҷикистон 27-умин солгарди Рӯзи дидорро ҷашн мегиранд
Муридони Аълоҳазрат аз тариқи паёмак ҳамдигарро шодбош мегӯянду хурсандии худро бо дигарон қисмат мекунанд.
Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV, 49-умин имоми исмоилиёни ҷаҳон, 13 декабри соли 1936 дар шаҳри Женеваи Швейсария ба дунё омадааст. Ин торихро исмоилиёни ҷаҳон чун Рӯзи мавлуд ҷашн мегиранд.
Аълоҳазрат Шоҳ Карим донишомӯхтаи Донишкадаи таърихи исломи Донишгоҳи Ҳарвард буда, бунёдгузор ва сарвари "Шабакаи тавсеъаи Оқохон" (AKDN) аст.
Ӯ пас аз бобояш Султон Муҳаммадшоҳ Оқохони Севум, дар рӯзи 11 июли соли 1957, дар 20-солагӣ пешвои руҳонии исмоилиёни ҷаҳон шудааст.