ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Шӯрои Комиссияи иқтисодии АвруОсиё таҳияи лоиҳаи Барномаи байнидавлатии "Автобуси барқии авруосиёӣ"-ро тасдиқ кард, хабар медиҳад сомонаи КИАО.
Ҳуҷҷат бо ташаббуси Беларус дар чаҳорчӯби рушди ҳамкорӣ миёни кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё таҳия шудааст.
"Мақсади асосии Барномаи байнидавлатӣ қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти бозори автобусҳои барқии иттиҳод, ки дар ИИАО истеҳсол мешавад, мебошад", - таъкид кард вазири саноат ва комплекси агросаноатии КИАО Артак Камалян.
Ба гуфтаи ӯ, барои расидан ба ин ҳадаф як қатор мушкилотро ҳал кардан лозим аст: навсозӣ намудани таҷҳизот ва истеҳсол намудани ҷузъҳои оммавии автобусҳои барқӣ ва ҳамчунин зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли онҳо.
Ҳамчунин зарур аст, ки салоҳияти таъминкунандагони таҷҳизот ва ҷузъҳо барои автобусҳои электрикӣ тақвият дода, сатҳи маҳаллисозии истеҳсоли зерқисмҳо барои онҳо баланд бардошта шавад.
Масъалаҳои дигари муҳим рушди салоҳиятҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар истеҳсоли автобусҳои барқӣ мебошад. Зикр гардид, ки корхонаҳое чун ҶДММ "Айрон стрим", "Белкоммункаш", "Камаз", "РЭНЕРА" иштироки худро дар таҳия ва татбиқӣ лоиҳаи Барномаи байнидавлатӣ тасдиқ намуданд.