ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Душанбе ва Теҳрон дар мавриди ҳамкориҳои молӣ ба мувофиқа расиданд.
Дар ин бора дар пайи мулоқоти раҳбари Вазорати молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳхорзода ва муовини раисиҷумҳури Эрон Довуд Манзур маълум шуд.
Зимнан зикр мегардад, ки дар рафти гуфтушунид дурнамои ҳамкориҳои ду кишвар баррасӣ шуд.
Ҳамин тариқ, масъалаи асосӣ сармоягузории ширкатҳои эронӣ ва кор дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ будааст.
Илова бар ин, дар бораи бахши бонкӣ ва густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои воқеии иқтисод баррасӣ шуданд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки содироти коло аз Эрон ба Тоҷикистон ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёфтааст.
Бар асоси омор, дар 7 моҳи соли 2023 аз Эрон ба Тоҷикистон беш аз 159 ҳазор тонна коло содир шудааст.
Ҳамин тариқ, ҳаҷми маҳсулоти фурӯхташуда 133 миллион долларро ташкил дод.
Дар ҳамин давраи соли гузашта ин рақам беш аз 107 ҳазор тонна ба маблағи 76 миллион доллар баробар буд.
Ҳамин тариқ, арзиши содироти Эрон ба Тоҷикистон дар 7 моҳи соли 2023 75% афзоиш ёфтааст.